14 ноябр- Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд. Дар ҷумҳурӣ беш аз 41 ҳазор нафар аз ин беморӣ азият мекашанд
ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд соли 1991 аз сабаби зиёд гаштани шумораи беморон аз ҷониби Федератсияи байналмилалии диабет (International Diabetes Federation, IDF) ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization) эълон гашта буд.
Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, ин беморӣ бештар дар байни ҷавонон ба назар мерасад ва дар ҳолати густариш аст. Ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 6-10% афзоиш меёбанд. Сабаби онро аксар мутахассисон дар фарбеҳии зиёд, аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд. Диабети қанд бемории хатарнок буда, дар ин беморӣ гармонҳо бо номи «инсулин» ё тавлид намешаванд ва ё ба таври зарурӣ фаъолият намекунанд.
Инсулин барои табдили қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ бо далели он ки инсулин камбудӣ дорад ва ба хубӣ амал намекунад, қанд (глюкоза) то сатҳи хатарнокӣ дар хун боло меравад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии эндокренологӣ Моҳбегим Давлатмамадова иброз дошт, сабаби паҳн гаштани ин беморӣ дар байни кӯдакон на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун мебошад. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки байни кӯдакони ҷумҳурӣ аломатҳои фарбеҳшавӣ хеле зиёд ба назар мерасанд. Сабаби он пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок мебошад, ки ба пайдоиши бемории қанд метавонад сабаб шавад. Дар назди Маркази ҷумҳуриявии эндокренологӣ мактаби диабетикӣ барои хурдсолон ва калонсолон фаъол мебошад. Чунин мактабҳо дар назди марказҳои саломатии кишвар низ мавҷуданд. Дар ин мактабҳо тарзи дурусти истеъмоли ғизо ва паст кардани омилҳои хатарнок омӯзонида мешаванд.
Бино ба иттилои М.Давлатмамадова, айни замон дар Тоҷикистон 41 ҳазору 603 нафар беморони диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи кӯдакони ба ин беморӣ гирифторшуда 445 нафари то 15-сола ва 341 нафари аз 15 то 18-соларо ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, соли 2008 дар ҷаҳон аз бемории қанд 347 миллион нафар азият мекашиданд. Соли 2012 қариб 1,5 миллион нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки беш аз 80% онҳо сокинони кишварҳои камдаромад ва даромадашон миёна мебошанд.
Ибодат ДАВЛАТОВА








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






