2 ноябр-Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш: табобати нодуруст ва сари вақт пешгирӣ накардани ин беморӣ сабаби марг мешавад
ДУШАНБЕ, 02.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2009 Фонди кӯдаконаи СММ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 2 ноябрро ҳамчун рӯзи бемории илтиҳоби шуш (пневмания) эълон намуд. Ба гуфти мутахассисони соҳаи тандурустӣ, ин беморӣ бештар дар байни кӯдакони то панҷсола дида мешавад. Аз рӯи омор, ҳар сол ин беморӣ беш аз ду миллион нафарро аз байн мебарад.
Тавре иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи бемориҳои шуши калонсолони Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Раҳмонов иттилоъ дод, пневмания ё илтиҳоби шушҳо- ин бемории шадиди сироятӣ мебошад, ки он пурра табобатшаванда аст. Ин беморӣ дар он вақт табобатшаванда ҳисобида мешавад, ки агар бемор сари вақт муроҷиат кунаду ташхиси дуруст ва табобати зарурӣ гирад.
«Ҳангоми сари вақт пешгирӣ накардан ва нагирифтани табобати дуруст ин беморӣ ба оризаҳои гуногун ва ҳатто ба марг бурда мерасонад. Бояд гуфт, ки ба гурӯҳи хатарнок кӯдакони то дусола, калонсолони аз синни 65 боло, занони ҳомиладор, ҳамчунин беморони дорои масунияти пасти бадан, бемориҳои музмини роҳи нафас ва дилу рагҳои хунгард дохил мешаванд. Аломатҳои ин беморӣ- баландшавии ҳарорати бадан, дард дар қафаси сина, зиёдшавии дард ҳангоми нафаскашӣ, сулфаи хушк, пастшавии иштиҳо, беҳолӣ ва нафастангӣ мебошанд. Сабабҳои пайдоиши ин беморӣ гузарондани зуком, шамолхӯрӣ, истеъмоли зиёди нӯшокиҳои хунук ва паст будани масунияти инсоният мебошад. Бояд зикр намоям, ки ин беморӣ бештар дар фасли тирамоҳу зимистон хурӯҷ мекунад»,-гуфт мутахассис.
Ба иттилои мутахассис, соли 2016 дар шуъбаи бемориҳои шуши калонсолони Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббӣ 227 нафар бемор бо ташхиси илтиҳоби шушҳо бистарӣ шуданд, ки ҳамаи онҳо табобати хуб гирифта, шифо ёфтанд. Дар 9 моҳи соли 2017 ҳамаги 148 нафар бо ташхиси ин беморӣ бистарӣ шуда, табобат гирифтанд. Айни ҳол дар шуъба 10 нафар бемор табобат мегиранд.
Бино ба тавсияи мутахассис, ба ҳар як нафари бемор реҷаи бистарӣ кардан ҳатмӣ буда, хӯрдани хӯрокҳои серғизо ва нӯшокии зиёд тавсия дода мешавад. «Аз сабабе, ки ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад, ҳамчун мутахассиси соҳа гуфтаниям, ки худро аз хунукии зимистон нигоҳ доранд, хӯрокҳои серғизо истеъмол кунанду обу шарбатҳои хунук нанӯшанд. Агар аломатҳои ин бемориро дар худ ё наздиконашон пайдо кунанд, сари вақт ба мутахассисон муроҷиат намоянд»,-иброз намуд Ҷ. Раҳмонов.








Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд






