21 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион. Аз «оинаи нилгун» — то телевизиони рангаи рақамии HD

Ноябрь 21, 2017 12:24

ДУШАНБЕ, 21.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ассамблеяи генералии СММ  шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар ҷаҳон  21 ноябр ҳамчун  Рӯзи  умумиҷаҳонии телевизион (World Television Day)  ҷашн гирифта  мешавад.

Телевизион ихтирои ибтидои  асри  XX буда, соли 1930 ба  олимону муҳандисони шӯравӣ-Борис Розинг, Семен Катаев, Александр Константинов, Петр Тимофеев, Павел Шмаков,   ихтироъкорони амрикоӣ  — Владимир Зворикин (амрикоии рустабор), Фило Фарнсуорт,  муҳандиси  британиявӣ — Алан Кэмпбелла-Суинтон ва дигарон  муяссар гардид, ки онро   мукаммал  гардонида,  мавриди  истифода диҳанд.

Дар Аврупо  ба таври оммавӣ  фаъолияти  шабакаҳои телевизионӣ танҳо аз соли 1950  оғоз гардида, дар бисёре аз давлатҳои тараққикардаи  ҷаҳон  шабакаҳои давлативу хусусии телевизион  солҳои 60-70-уми асри  гузашта таъсис  ёфтанд.

Имрӯз дар ҷаҳон  давлате нест, ки дар он шабакаҳои телевизионӣ  фаъолият  надошта бошанд.

Шабакаҳои телевизионии  CBC, NBC, ABC — дар ИМА, BBC, ATV —  Дар Британияи Кабир,  РАИ —  дар Италия, NHK —  дар Япония, ЦДФ — дар  Германия, ОРТ- дар Россия  аз бонуфузтарин ширкатҳои телевизионӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд.

Дар Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 аввалин бор  Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд, ки  ин  рӯйдоди беназири  фарҳангӣ дар ҳаёти кишвар  буд.

Барномаҳои аввалини телевизион  асосан таҷрибавӣ буданд. Барномаи иттилоотии «Ахбор» аз 3 дақиқа иборат буда, ҳамчунин дигар филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд.

Намоишҳои аввалини Телевизиони Тоҷикистон қариб якуним соат давом мекард.

То охири соли 1960-ум ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд.

2 феврали соли 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба фаъолият сар кард. Телевизиони Тоҷикистон аз 1 июли соли 1960 пахши намоишҳоро ҳамарӯза амалӣ намуд.

Сипас сохтмони хатҳои радиореле (РРЛ-бунгоҳҳои техникии қабулкунандаи аломат (сингал)) оғоз ёфт.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 1962 шумораи телевизорҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он  29 ҳазор ададро ташкил медод.

Охири соли 1962 хатти радиорелеи Душанбе-Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт, дар Қӯрғонтеппаю Тошработ ретрансляторҳои телевизионӣ гузошта шуданд, ки аҳолии Кӯлобу водии Вахш имконияти тамошои Телевизиони Тоҷикистонро пайдо намуданд.

Фаъолияти  телевизионҳо  дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар   рушд ёфт ва  алҳол пешбури фаъолияти ин соҳаро  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии   Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Дар ин давра  шабакаҳои  телевизионии  «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон»,  «Варзиш», «Синамо»,  «Футбол»    ва «Шаҳнавоз»     таъсис ёфтанд.

Бояд ёдовар шуд, ки 3 сентябри  соли 2005-ум Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба фаъолият оғоз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими  тантанавии  кушодашавии он  ширкат варзида, шахсан бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ ба фаъолияти ин шабакаи тозабунёди телевизионӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтитоҳ бахшиданд.

Сарвари давлат дар ҷараёни суханронии мустақим  зикр карданд, ки «Телевизиони Сафина»  саҳнаи озоди афкору пайкори тамоми фарҳангиёни кишвар ва инъикосгару таблиғкунандаи фарҳанги волои миллӣ хоҳад гашт. Имрӯз роҳбарии «Телевизиони Сафина» — ро мутахассиси варзида Носир Саидов бар уҳда дорад.

Бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон»  таъсис ёфт ва  4 сентябри соли 2006  шабакаи мазкур ба пахши барномаҳои худ оғоз кард. Имрӯз кӯдакону наврасон ва падару модарон дар беш аз ҳафтод кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои аъзои ИДМ, барномаҳои «Баҳористон» — ро дар қатори шабакаҳои сершумори ҷаҳон тамошо мекунанд. Дар Тоҷикистон 3,5 миллион ҷавонон, кӯдакону наврасони то 18-сола зиндагӣ мекунанд, ки тамошобини бевоситаи  ин шабака  мебошанд.

«Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон»    ҳар рӯз аз соати 7 то соати 22 намоишҳои гуногуни омӯзишӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва барномаҳои шавқовари фароғатиро  пешкаши бинандагон менамояд.

 

 1 марти соли 2016 бахшида ба 25 –солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  боз ду шабаки телевизионӣ- муассисаҳои давлатии телевизионҳои «Варзиш» ва  «Синамо»  ба фаъолият оғоз намуданд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ онҳоро ифтитоҳ намуданд ва зикр карданд, ки нишондодҳои рӯзафзуни варзишгарони тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон баробари кушодани ин шабакаи нав бояд васеъ инъикос карда шаванд.

Пахши барномаҳо дар шабакаҳои мазкур  мувофиқ ба талаботи имрӯза дар формати HD ба роҳ монда шудааст, ки ин омил имконият медиҳад намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобин пешкаш гарданд. Дастгоҳҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо бо ин формати навтарини технологияи коммуникатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз дастовардҳои навтарини техникаи соҳаи телевизионӣ мебошад.

Барномаҳои шабакаҳои навтаъсиси телевизиони «Варзиш» ва «Синамо»- ро дар якчанд давлати дунё ба воситаи моҳвора тамошо намуда, наздики 60 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ аз ин намоишҳо бархӯрдор мегарданд.

Яке аз дастовардҳои дигари соҳаи телевизион дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар  ба пахши рақамӣ гузаштани он мебошад.  Бо ин мақсад таҷҳизоти марказии пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон пурра иваз гардида, дигаргуниҳо дар системаи танзим ва пахши барномаҳо дар якҷоягӣ тавассути компютерҳо ба ҷо оварда мешаванд.

Дар Телевизиони Тоҷикистон дар студияи якум таҷҳизоти (20.8 Х 14 Х 8) иваз карда шуд. Айни ҳол телевизони Тоҷикистон 97 фоизи аҳолии ҷумҳуриро фаро мегирад ва барномаҳои онро тавассути моҳвораи LMI-1 сокинони мамлакатҳои Осиё ва Аврупо- аз Япония то Франсия ва як қисми Африқо метавонанд тамошо намоянд.

Тавре иттилоъ додем, ба назикӣ боз як шабакаи нав – Телевизиони мусиқии Тоҷикистон бо номи «Шаҳнавоз» таъсис дода шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нимсолаи аввали соли 2017 фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои шабакаҳои давлатии  Телевизиони Тоҷикистон, «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш», «Синамо» – 56,86% ва фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши аналогии барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион дар ҳамин давра — Телевизиони Тоҷикистон– 99,72%,  «Сафина» – 99,7%, «Баҳористон» – 89,01%, «Ҷаҳоннамо» – 78,96%  мебошад.

 Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2017 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст
Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб барномаҳои илмию варзишӣ баргузор намуд
Дар ноҳияи Хуросон ба ҷавондухтарон ҳунари пазандагӣ меомӯзанд
Дар ноҳияи Лахш 3,5 км роҳи маҳаллӣ ва 2 км роҳи ҷумҳуриявӣ мумфарш мегарданд
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Маркази шаҳри Турсунзодаро 38 ҳазор гулҳои рангоранг шукуфон мегардонанд
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хатлон 72 ҳазору 580 дона ширинии пастсифат ва 3787 дона бозичаҳои ғайристандартии чинӣ аз муомилот бароварда шуданд
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда мешавад
Тожикистон Республикаси Ҳукуматининг мамлакат аҳолисига мурожаатномаси
ҶДММ «Фариза ва КОМ» ба хонандагони шаҳри Роғун 5280 ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ пешниҳод менамояд