75 ФОИЗИ БОЗОРИ ДОРУВОРИИ ҶУМҲУРӢ МАҲСУЛОТИ ВОРИДОТИСТ. Дар Душанбе вазъи таъмин ва назорати маҳсулоти доруворӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.112017/АМИТ «Ховар»/. Танҳо соли 2016 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 28 миллион доллар маҳсулоти доруворӣ ворид карда шудааст. Ин матлабро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Таъмин ва назорати маводи доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, иброз намуд.
Фарида Муминова имконияту маҳдудиятҳо дар рушди бозори маҳсулоти дорувориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода, зикр намуд, ки аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти доруворӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ 20 фоиз ба Ҳиндустон, 12 фоиз ба Россия ва боқимонда ба дигар кишварҳои хориҷӣ, назири Латвия ва Украина рост меояд.
Инчунин ба Тоҷикистон маҳсулоти доруворӣ ҳамчун кумаки башарӯстона дар доираи татбиқи лоиҳаҳои бахши тандурустӣ дастрас карда мешавад. Ҳамзамон дар дохили ҷумҳурӣ маҳсулоти доруворӣ истеҳсол гардида, 75 фоизи бозори дорувориро дар ҷумҳурӣ маҳсулоти дорувории воридотӣ ташкил медиҳад.
Дар ҳамоиш, ки олимону мутахассисони дорусоз, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, ниҳодҳои илмию пажӯҳишӣ ва коршиносони соҳа ширкат доштанд, роҷеъ ба дурнамои ташкили саноати дорусозӣ дар Тоҷикистон, вазъи бозори фармасевтии кишвар, дарёфт намудани маводи нави доругӣ тавассути синтези кимиёвӣ, паҳлуҳои танзими давлатии фаъолияти фармасевтӣ, нақши гиёҳҳои Тоҷикистон дар солимгардонии ҷомеа ва баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар, омода намудани мутахассисони бахши дорусозӣ бо мақсади рушди соҳа, назорати сифати маводи доруворӣ дар Тоҷикистон, назорат ва ба расмиятдарории гумрукӣ ҳангоми воридоти маводи доруворӣ, ташкили корхонаҳои калони истеҳсоли маводи доруворӣ дар кишвар ибрози назар намуда, пешниҳодҳои ҷолиб ва судманд баён доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






