82 нафар сокинони ноҳияи Хуросон барои бартараф кардани зӯроварӣ дар оила ба бахши кор бо занон муроҷиат намудаанд
ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таълимии рақами 10-и Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ду саҳнача намоиш доданд.
Ин саҳначаҳо дар доираи «16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон», ки аз ҷониби СММ дар саросари олам бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунат нисбат ба занон (25 ноябр) роҳандозӣ мешавад, таҳия ва пешниҳод гардиданд. Саҳначаҳои театрӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва бартарафкунии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар ҷомеа намоиш дода шуданд. Тибқи иттилои масъулин, бо назардошти сатҳи пасти саводнокӣ дар баъзе минтақаҳои деҳот спектаклҳои театрӣ воситаи хуби робита ва баланд бардоштани огоҳии ҷавонону занон аз ҳуқуқҳояшон дар муқоиса бо паҳнкунии маводи навишташуда мебошанд.
Дар ҷамъомад корманди бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон Гулчеҳрахон Ёрматова гуфт, ки «имсол барои бартараф кардани зӯроварӣ дар оилаҳо 82 нафар ба бахши кор бо занони ноҳия муроҷиат кардаанд, ки ду нафарашон мард мебошанд. Сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва зӯргӯию зӯроварӣ дар ин оилаҳо истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ аз ҷониби духтарону келинҳои ҷавон ва тамошои зиёди филмҳои туркӣ аз ҷониби онҳо мебошад».
Инчунин зикр гардид, ки дар маркази касбомӯзии ноҳия соли равон зиёда аз 636 нафар занон хонда, соҳиби шаҳодатномаи касбомӯзӣ гардиданд. 70 фоизи онҳоро занони ҷавони аз шавҳар ҷудошуда ташкил медиҳанд.
Дар хотима ба иштироккунандагони ҷамъомад китобчаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тақдим карда шуд.










Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






