Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ифтихор аз давлат ва миллати хеш аст

Ноябрь 23, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат ва миллати хеш аст. Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи нахустин тасмимҳое буд, ки дар ташаккул ва бунёди давлати мустақили тоҷикон нақши ниҳоят муҳим дорад. Ин матлабро  Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки 22 ноябр дар донишкада зимни ҷамъомади тантанавӣ доир гашт, баён дошт.

«Хушбахтона, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва пайравони ин миллату давлат – ҷавонон низ дар парафшонии Парчами давлатии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузоранд. Аҳли коллективи меҳнатии донишкада  ва толибилмон дар таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ва бузургдошти ин муқаддасоти миллӣ фаъолона иштирок мекунанд, ки он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб меёбад»,- гуфт Фирӯз Қодиров.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки парчам аз замонҳои қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тавре аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо — Коваи оҳангар будааст. Имрӯз  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва бисёр давлатҳои олам парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона дарак медиҳад. Дар парчами кишварамон таҷассуми ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату далерӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватандорӣ ва ҳимояти марзу бум мавқеи барҷаста дорад. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик пайваста корҳои созандагӣ мекунад ва дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо мушарраф мегардад.

Ноябрь 23, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд