ҲАФТАИ ҶАХОНИИ ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ АНТИБИОТИКҲО: Дар мубориза бар зидди мутобиқшавӣ ба ин гуна доруҳо саҳмгузор бошед!

Ноябрь 20, 2017 16:32

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Пешгирии ҳар як сироят- маънои дур шудан аз табобат  бо антибиотикҳоро дорад. Дар мубориза бар зидди мутобиқшавӣ ба антибиотикҳо саҳмгузор бошед»-таҳти чунин мавзӯъ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомад бахшида ба Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо баргузор гашта, дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони  озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имсол ба муносибати Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо  аз кормандони соҳаи тандурустӣ даъват ба амал меоварад, ки пеши роҳи вусъат ёфтани устуворӣ ба доруҳои зидди микробҳоро  дар муассисаҳои тандурустӣ   бигиранд ва дар ин амал аз тадбирҳои  босамари пешгирӣ  ва назорати инфексияҳо истифода баранд.

Истифодаи нодурусти антибиотикҳо барои саломатии ҳамаи мо хатар ба вуҷуд меорад. Истифодаи  антибиотикҳо бе таъйиноти тиббӣ устувории зиддимикробии онҳоро метезонад. Инфексияҳое, ки аз микробҳои ба антибиотикҳо устуворбуда ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусияти  мураккаб буда, табобаташон душвор аст.  Мубталои чунин сироят будан аз синну сол ва дар кадом  кишвар зистан вобаста нест.  Пас мебояд пеш аз истеъмоли антибиотикҳо ҳатман бо духтур маслиҳат кунем,-гуфтанд мутахассисон.

Мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи ҳифзи  саломатии аҳолӣ ва инчунин соҳаи кишоварзӣ  ба шумор меравад. Новобаста аз он, ки  оид ба ин проблема  маълумоти боэътимод ва илман  собитгашта мавҷуд нест, аммо дар бораи ҳодисаҳои  зуд-зуд гирифтор шудан ба шакли  мутобиқгаштаи  сил, салмонеллезҳо, дизентерия/исҳоли хунин, стафилакокки ауреюс ва салмонеллаҳо   чӣ дар байни одамон ва чӣ дар байни ҳайвонот далелҳои дақиқ мавҷуданд.  Аз ин рӯ дар сатҳи миллӣ аз тарафи гурӯҳи корӣ, ки ба он ҳама ташкилоту муассисаҳои манфиатдор ворид шудаанд, нақшаи миллӣ оид ба устувории доруҳои зиддимикробӣ таҳия ва танзим гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи ҳафтаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 25 ноябри соли равон тадбирҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Ноябрь 20, 2017 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад