Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ҳавои номусоид пешгӯӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 2.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 3 — 5 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, пастшавии ҳарорат бештар дар ноҳияҳои вилояти Суғд пешгӯӣ карда мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ва як қатор навоҳии вилояти Хатлон шамоли сахт бо суръати то 12-17 метр дар як сония мевазад ва пастшавии ҳарорат дар назар аст.
Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, бодҳои шадиди бӯронӣ имкон доранд чангу хокро ба ҳаво бардоранд.
Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо зимни роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёткор бошанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ аз рафтан ба кӯҳ бо ҳадафи ҷамъоварии ҳезум ва шикор худдорӣ намоянд.
Бахусус нафароне, ки гирифтори маризиҳои дилу раг ва фишори баланд мебошанд, бояд дар ин рӯзҳо ба саломатии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон ва кӯҳнавардону сайёҳон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд, зеро эҳтимолияти резиши санг низ зиёд аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






