Ҳайати босалоҳияти Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар Франсия иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 2.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати босалоҳияти ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва котиби масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Мавҷуда Нурова дар кори ҷаласаи 39-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия иштирок доранд. Онҳо баробари иштирок дар кори сессия, ҳамчунин якчанд лоиҳаҳои навро барои қабул кардан ба рӯйхати осори нодири таърихии ЮНЕСКО ҳамроҳи худ бурданд.
Дар ин созмони бонуфуз лоиҳаи ҷашни Меҳргон ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик ба қайд гирифта шуд ва он соли 2019 мавриди баррасӣ ва қабул қарор мегирад. Ҳамчунин бо такмил ва иловаҳо лоиҳаи Қалъаи Ҳулбук аз нав дар Созмони ЮНЕСКО ҳамчун осори моддии ҷаҳонӣ ба қайд гирифта шуд.
Сипас, номаи миннатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Ирина Бокова, Директори иҷроияи ЮНЕСКО дар дафтари корияш аз ҷониби ҳайати расмии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар сипосномаи Сарвари давлат хидмати шоистаи Ирина Бокова дар пешрафти кори ЮНЕСКО, ҳамкории судманди ин созмони бонуфуз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, технологияи иттилоотӣ ва масъалаҳои алоқаманд ба об қайд гардидааст. Инчунин изҳори сипос гардидааст, ки дар давраи роҳбарии И. Бокова лоиҳаҳои кишвари мо, аз ҷумла, Саразм, Боғи миллӣ ва ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси моддӣ ва ғайримоддии халқи тоҷик ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамчунин номаи табрикотӣ ба роҳбари нави ин созмони бонуфуз Одри Азулай, ки аз ҷониби Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, 14 ноябр аз ҷониби Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия Ҳомидҷон Назаров ва котиби масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Мавҷуда Нурова супорида мешавад.
Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, дастовардҳои кишварро дар давоми солҳои охир дар самти рушди илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мақоми фаъол доштани кишвар дар масъалаи об дар ҷаҳон махсус зикр намуда, нақши Президенти кишварро дар пешбурди ин соҳаҳо ва ҳалли масъалаҳои алоқаманд ба об муҳим арзёбӣ намуд.
Кори Конференсияи генералӣ то 15 ноябри соли равон идома меёбад.








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






