Академияи илмҳо Иҷлосияи 16-ро аз лиҳози илмӣ чун воситаи барқарории низоми сиёсӣ дар мамлакат муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 08.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи кишвар»-таҳти чунин унвон 10 ноябри соли 2017 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор мегардад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳо хабар доданд, дар конференсия намояндагони муассисаҳои илмии кишвар иштирок намуда, воқеаи таърихиро чун воситаи барқарории низоми сиёсӣ дар мамлакат аз лиҳози илмӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки аз ҷониби Академияи илмҳо дар музокирот президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, аъзои пайвастаи АИ ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода, Кароматулло Олимов, Маҳмадюсуф Имомзода ва аъзои вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад, Хайриддин Идизода, Сахидод Раҳматуллозода, Лутфулло Саидмуродов ва дигарон ширкат намоянд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ — сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳо гузошта шуданд.
Ба ҳамин хотир мардум ба аҳамияти тақдирсози он арҷ мегузорад ва заҳмати бузургу талошҳои вакилони он давраро барои оромию субот қадрдонӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






