Академияи илмҳои Тоҷикистон 190 – солагии Аҳмади Донишро ҷашн мегирад
ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 190 – солагии зодрӯзи мутафаккири машҳур Аҳмади Дониш 8 декабри соли 2017, соати 10:00 дар толори раёсати Академияи илмҳо ҷамъомад баргузор намояд.
Тавре президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт: «Аҳмади Дониш чун нависанда, таърихнигор, донишманд, хаттоту китоборо, наққош ва мусиқидони соҳиби диди хос аз зумраи он мутафаккиронест, ки имрӯз низ ҷиҳати таҳқиқи осори ӯ баҳсҳо вуҷуд доранд. Бинобар риоя ва татбиқи фарҳанги музокираҳои илмӣ алҳол зарурати ташкил намудани суҳбатҳо пеш омадааст».
Ба андешаи ин донишманди тоҷик, Аҳмади Дониш на фақат дар рушди адабу фарҳанги тоҷик, инчунин дар ташаккули диди равшанфикрию ислоҳотталаби мардумони Осиёи Марказӣ саҳми арзанда гузошта, бо осори безаволаш саҳифаҳои таърихи афкори иҷтимоию фарҳангии мардумони ин минтақаро ғанитар намудааст. Аз ин рӯ ҷомеаи мутамаддини Осиёи Марказӣ ба шахсият ва мероси гаронмояи иҷтимоию бадеии ин мутафаккир беш аз беш арҷ мегузоранд.
Фарҳод Раҳимӣ ҳамчунин гуфт: «Афкори сиёсию иҷтимоии Аҳмади Дониш аз он лиҳоз муҳиму арзишманданд, ки саршор аз дархостҳои ислоҳталабию маърифатӣ буда, мероси пурбораш дар ташаккули ислоҳталабию маърифатгустарии мардумони Осиёи Марказӣ муассир аст».
Бояд зикр намуд, ки ормонҳои дар «Наводир-ул-вақоеъ» нуҳуфтаи Аҳмади Дониш, ки тибқи он башар фақат барои ободкорӣ халқ шудааст ва онҳо мебоист баҳрҳову конҳову дигар воситаҳои рушду тараққиро муҳайё кунанд, имрӯз дар фаъолияти рӯзмарраи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд. Аз ҷумла, сохтану ба истифода додани конҳову нақбҳо, таҳияи баҳрҳо ба воситаи сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бештар хусусияти ободкорӣ касб намудаанд.
Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар ҷараёни рушду тараққии кишвар саҳмгузор бошанд ва ошкор намудани паҳлуҳои ҳанӯз таҳқиқ наёфтаи осори Аҳмади Дониш низ аз зумраи нақшгузорӣ дар таҳаввулоти ҳамаҷонибаи мамлакат маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






