Ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Россия оғоз гардид

Ноябрь 1, 2017 09:34

ДУШАНБЕ, 01.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оғоз гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласаи машваратӣ дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тавре аз Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласаи машваратӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, таъмини амният ва  субот дар ҳарду кишвар, мубориза ба муқобили терроризм-экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир баррасӣ карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии машваратӣ ҳайати коршиносони дастгоҳи Шӯрои амнияти Федератсияи Россия таҳти сарварии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев дирӯз ба Душанбе омада буд.

 

Ноябрь 1, 2017 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд