Қамар Нурулҳақов: «Дар Тоҷикистон ҳеҷ қуввае қодир нест, ки байни мазҳабҳо ихтилоф андозад»
ХОРУҒ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мулоқоти донишҷӯёну устодони ин донишгоҳ бо корманди Маркази исломшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Қамар Нурулҳақов баргузор шуд. Дар ҷамъомад оид ба масъалаи пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ҳаросафкану тундгаро мубодилаи афкор намуданд. Яке аз иллатҳои ба доми чунин гурӯҳҳо, аз ҷумла, Давлати ба ном исломӣ ё ДИИШ афтодани иддае аз ҷавонони тоҷик- ин надоштани маълумоти комил дар бораи дини мубини ислом ва арзишҳои миллӣ мебошад,- изҳор дошт Қамар Нурулҳақов ва афзуд, ки аксарияти ин ҷавонони гумроҳ танҳо пас аз шиносоӣ бо чеҳраи аслии гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ аз кори худ сахт пушаймон мегарданд. Ҳоло вазъи кунунии «Давлати исломӣ» дар давлати Сурия бисёр хароб аст ва ҳаросафканон бо ҳар роҳу восита ба кишварҳои дигар фирор мекунанд. Ба ҳар кишваре, хоҳ дар шарқ бошаду хоҳ дар ғарб, агар қадами номубораки аъзои ин гурӯҳ расад, дар он ҷо ҳатман ҳодисаи даҳшатбор рух медиҳад.
Аз ин рӯ ҳар як зиёӣ имрӯз муваззаф аст, ки аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононро аз ҳадафҳои нопоку ғаразноки ин гурӯҳи ҳаросафкан огоҳ кунад. Ҳоло дар дунё ҳаросафканон даҳҳо ҳизбҳои сиёсӣ таъсис дода, ба василаи он барномаҳои даҳшатбори худро амалӣ месозанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин ҳизбҳо аст, ки мехост дуюмбора Тоҷикистонро ба оташи ҷанг тела диҳад, аммо ҳукумати кишвар сари вақт огоҳ шуд ва нагузошт ин ҳизб ниятҳои нопокашро амалӣ сохта, барои ДИИШ роҳро ҳамвор созад. Дар давоми чанд соли охир маҳз ҳамин ҳизб барои давлати ба ном исломӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳи тоҷик «кадрҳо» омода мекард.
Қамар Нурулҳақов гуфт, ки Ҳизби наҳзат барои нишон додани нуфузу эътибораш рӯйхати қалбакӣ тартиб дода, дар он номи даҳҳо нафар ҷавонони бадахшониро низ шомил кардааст. Баъди суҳбат аён гашт, ки ин ҷавонон аслан дар бораи ҳизби наҳзат маълумот надоранд. Дар ҳоле ки мақсади ниҳоии ҳизби наҳзат ихтилоф андохтан миёни мазҳаби шиаву суннӣ дар Тоҷикистон буд. Аммо ин кор ғайриимкон аст, зеро равияҳои Ҳанафия ва исмоилия аз имтиҳони таърих гузаштаанд. Дар тӯли таърих борҳо давлати тоҷикон бо шикаст рӯ ба рӯ шуд, аммо ин ду равия китф ба китф истода, нагузоштанд Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон берун шавад. Имрӯз ҳеҷ қуввае қудрат надорад, ки дар байнашон низоъ афканад.
Дар поёни мулоқот корманди Маркази исломии Тоҷикистон Қамар Нурулҳақов ба суолҳои донишҷӯён посух гардонд ва бори дигар аз онҳо даъват намуд, ки ба мисли ниёгони худ ба ватану миллат содиқ бимонанд, арзишҳои беҳтарини миллӣ ва аз ҳама муҳим, сулҳу оромии кишварро қадр ва ҳифз намоянд.
Чунин мулоқотҳои судманд бо намояндагони дин, омӯзгорон ва ҷавонони шаҳр низ доир гардиданд.








Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид






