Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи маориф боз ҳам мустаҳкам мегардад

Ноябрь 2, 2017 11:48

ДУШАНБЕ, 02.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябри соли равон мулоқоти  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари «Россотрудничество» Фролов Алексей Владимирович ва намояндаи Шӯрои Федератсия Кондратев Алексей Владимирович баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз   маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкории мавҷуда дар соҳаи маориф ва илм, ҷараёни татбиқи созишнома оид ба сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва ҳамзамон дастрас намудани нусхаҳои электронии китобҳои дарсӣ аз фанҳои физика, химия, биология, математика, алгебра, геометрия, технологияи иттилоотӣ, забони русӣ ва забони хориҷӣ аз Федератсияи Россия ибрози андеша намуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз сатҳи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар самти маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти «Россотрудничество» барои ҳамкорӣ дар таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва фиристодани омӯзгорон аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҳамчунин  дар   идома ҷонибҳо вобаста ба таҳсили донишҷўёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, нақшаҳои қабули донишҷўён дар филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсил барои донишҷўёну аспирантон ва магистрҳо, омодагии ҳамаҷониба ба намоишгоҳ-ярмаркаи таҳсилотӣ, ки ҳамасола баргузор мегардад, ибрози андеша намуданд.

 

Ноябрь 2, 2017 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд