ҲАМСОЯИ НАЗДИК БЕҲ АЗ ХЕШИ ДУР. Оғози марҳилаи нав дар муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Ноябрь 9, 2017 11:55

ДУШАНБЕ, 09.11.2017./АМИТ “Ховар”/. Тавре расонаҳо  хабар доданд, Душанбе ва Тошканд ҷиҳати аз нав барқарор кардани таҳвили газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон  гуфтушунид оғоз кардаанд. Дар марҳилаи дуюми ин гуфтушунид, ки анқариб дар Тошканд сурат гирифт, ҷониби Ӯзбекистон нархи ҳар ҳазор метри мукааб сӯзишвориро 150 доллари ИМА пешниҳод намудааст. Дар сурати пазируфтани ин пешниҳод ҷониби Ӯзбекистон изҳори омодагӣ намудааст, ки моҳи декабри ҳамин сол бо “Тоҷиктрансгаз” созишнома ба имзо расонад.

 Хотиррасон менамоем, ки интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон соли 2012 қатъ гардида буд. Он замон кишвари ҳамсоя ба ивази ҳар ҳазор метри мукааб газ 370 доллари ИМА талаб мекард. Дар он шароит Тоҷикистон маҷбур шуда буд бисёр корхонаҳои азими саноатии худро ба истифодаи ангишт гузаронад…

Сиёсати дарҳои боз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад, имкон фароҳам сохтааст, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои неку дӯстона дошта бошад. Бо назардошти наздикӣ аз лиҳози ҷойгиршавӣ имрӯз муносибатҳои Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои минтақа, аз ҷумла, бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯз то рӯз тақвият дода мешавад.

Муносибатҳои ин ду давлати ҳамсоя, хусусан соли равон оғоз ба тавсеаи бештар пайдо карданд, ки аз талошу дастгириҳои бесобиқаи роҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сарчашма мегирад.

Аз ин хотир метавон соли 2017-умро соли рушди пойдори ҳамкорӣ ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон арзёбӣ намуд. Бо назардошти вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва зуҳури моҷароҳои сиёсиву амниятӣ дар қаламрави аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон давлатҳои Осиёи Марказӣ аз сабаби ҷойгиршавии наздик беш аз пеш дар самти ҳамкории дуҷониба қадамҳои устувор мегузоранд, зеро ҳамоҳангиву муттаҳидии минтақавӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ худ кафили рушди устувор ва таҳкими амният ва оромӣ дар қаламрави минтақа дониста мешавад. Таҳкими амният ва оромӣ дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ манфиатбахшу муҳим дониста мешавад.

Дар Тоҷикистон ба раванди рушди ҳамгироии минтақавӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Далели ин гуфтаҳо дар давоми як моҳи охир бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат баргузор гардидани ду чорабинии сатҳи минтақавӣ мебошад, ки далели бесобиқаи талошҳои Тоҷикистон дар роҳи тақвият бахшидани ин ҳамгироиҳо ба манфиати минтақа ба ҳисоб меравад. Аз ҷумлаи  мамолики минтақа Ӯзбекистон кишваре мебошад, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди муносибатҳои дуҷониба бо ин давлати ҳамсоя қадамҳои устувор мегузорад.

Кушодашавии хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд-Душанберо сокинони ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо хушнудӣ пазируфта, аз иқдоми навбатии роҳбарони  сатҳи олии мамлакат, ки ба рушди минбаъдаи ҳарду кишвар заминаи устувор мегузорад, миннатдорӣ менамоянд. Дарвоқеъ, ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷумлаи иқдомҳои таърихӣ дар рушди ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳсуб мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки бо ба роҳ мондани парвозҳои ҳавоӣ  тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд ва Тошканд-Душанбе ҳамкории судманд миёни кишварҳо дар соҳаҳои гуногун тақвият ёфта, ин омил боиси пешрафт ва рушду тараққиёти бештар мегардад.

Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик байни фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва фурудгоҳҳои дигар шаҳрҳҳои ин кишвари ба мо дӯсту бародар сафари мусофирон тариқи роҳи ҳавоӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Аз ҷониби ширкати миллии ҳавоии «Ӯзбекистон ҳаво Йулларӣ» низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Дар идомаи рушди ҳамкории ин ду кишвари дӯсту бародар  дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳангу маънавиёт дар соли 2017-ум, бо ташаббусҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон «намоишгоҳи маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва рӯзҳои фарҳангии ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Намоиши маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзҳои фарҳангии кишвари мо дар пойтахти Ӯзбекистон- шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Ҳамкории судманд миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҳҳои навро дар рушди иқтисодиёт боз намуда, гуногунрангии бозори дохилӣ ва баланд бардоштани гардиши мол миёни ин ду кишварро таъмин менамояд.

Дар заминаи дастгириҳои роҳбарияти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 160 ширкати истеҳсолии ин мамлакат иштирок карданд.

Нақшаҳо дар асоси шартномаҳои ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳила ба марҳила амалӣ мешаванд. Рушд ва мустаҳкам намудани муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмиву техникӣ мақсади асосии роҳбарияти олии ин ду кишвар ба шумор рафта, дар ин замина тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд. Мақсад аз ташкили намоиши маҳсулоти истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе боз ҳам бештар тақвият бахшидани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва мустаҳкам сохтани робитаҳо миёни соҳибкорони ҳарду мамлакат ба шумор меравад. Дар асоси принсипи баробарӣ ва манфиати дуҷониба мусоидат ба ҷалби сармояву пайдо намудани шарикони ҳамкор дар мадди назар қарор дорад. Андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва мусоидат намудан дар самти баланд бардоштани рақобатпазирии содирот имкон дод, ки дар даҳаи охири моҳи апрели соли ҷорӣ зиёда аз 160 ширкати истеҳсолӣ, аз ҷумла, 400 нафар соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои муаррифии молу маҳсулоти хеш ба Тоҷикистон биёянд. Зимни ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Маркази савдои «Пойтахт- 90» намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, таъкид доштанд, ки рӯз то рӯз ҳамкорӣ миёни кишварҳо рушд карда, ба марҳилаи нав, аз ҷумла, дар самти ҳамкории субъектҳои хоҷагидор ва доираҳои тиҷоративу инчунин ҳамкории наздисарҳадӣ қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Таҳкими ҳамкории дуҷониба байни ширкатҳои саноативу истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад, ки ин ду кишвар ба тариқи табодули таҷриба тавонанд дар самти истеҳсолоти дохилӣ ба дастовардҳои хуб ноил гарданд. Ба гуфтаи роҳбарони ташкилотҳои истеҳсолии  Ӯзбекистон, ташкили чунин намоишгоҳҳо аз чанд ҷониб барои соҳибкорони ҳам тоҷикистонӣ ва ҳам ӯзбекистонӣ манфиатовар буда, рушди минбаъдаи истеҳсолотро дар корхонаҳо таъмин мекунад.

Молу маҳсулоте, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол гардидаву дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошта шудаанд, асосан саноатӣ мебошанд. Аз ҷумла, саноати мошинсозӣ, кимиёвӣ, саноати сабук, нассоҷӣ, электротехника, атриёт, фарматсевтӣ, мебел, нақлиёт, маҳсулоти чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, техникаҳои хоҷагии қишлоқ, либосворӣ, таҷҳизоти омӯзишӣ ва ғайра, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯянд. Тибқи иттилоъ, дар семоҳаи аввали соли равон гардиши молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 23 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ин 13 миллион ба содирот ва боқимонда ба воридот рост меояд. Гуфта мешавад, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо имкон медиҳад дар оянда ҳамкорӣ боз ҳам тақвият ёфта, гардиши молу маҳсулот миёни кишварҳо ба маротиб боло равад. Аз тарафи дигар, дар заминаи чунин ҳамкорӣ дар ҳарду кишвар ҷойҳои нави корӣ ташкил шуда, сатҳи некуаҳволии мардум аз имрӯза ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе ва ҳузури ҳунармандону фарҳангиёни ӯзбек дар кишвари мо умеди дурахшоне дар самти муносибатҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, хурсандии  намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суҳбату вохӯриҳои онҳо бо намояндагон ва масъулони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи хуберо дар рушди ҳамкории фарҳангӣ байни ин ду кишвари дӯст поягузорӣ намуд. Ҳамзамон дар идомаи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе консерти ҳунармандон ва сарояндагони ӯзбекистонӣ баргузор гардид, ки ҳаводорони зиёдеро гирди ҳам овард. Воқеан мусиқиву ҳунар забони аҳли ҷаҳон аст. Ва ҳамкорӣ байни ҳунармандон ва фарҳангиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки ин ду кишвари дӯсту бародар тавонанд ба зудӣ ба ормонҳои деринаи зиёде, ки дар дилашон ҳаст, расанд. Воқеан рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе хеле хотирмон баргузор гашта, бори дигар дӯстиву ошноӣ ва ҳамдиливу ҳамгироиро байни ин ду кишвари фарҳангпарвар таҳким ва тақвият бахшид.

Дар идомаи рушди ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар асоси дӯстиву ошноӣ роҳандозӣ шудааст, давоми як ҳафтаи даҳаи дуюми моҳи октябри соли равон дар маркази шаҳри Тошканд- пойтахти Ӯзбекистон Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Рӯзҳои фарҳанги кишвари мо баргузор гардид.

Парафшонии парчамҳои ду кишвар ва насби шиору овезаҳои тарғибкунандаи дӯстиву бародарӣ дар макони баргузории Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки «Ӯзбекэкспосентр»-и шаҳри Тошканд интихоб гардида буд, хеле диданӣ буд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумхурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагони Ҳукумати ду кишвар, доираҳои тиҷротию иқтисодӣ ва корпуси дипломатии муқими Тошканд иштирок намуда, густариши ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар бахши иқтисоду тиҷорат ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ карданд.

Намоиши  маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар Тошканд бо иқдому ташаббуси бевоситаи Сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузор  гардида, ҳадаф аз баргузории он муаррифии молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор буд. Ин тадбир, пеш аз ҳама, дар афзоиши гардиши савдои хориҷӣ байни кишварҳо мусоидат менамояд.

Асосан дар ин ҷо маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, мошинолоти гуногун, фармасевтӣ, маҳсулоти чармӣ, алюминӣ, маҳсулоти пластмассӣ, матоъ, либос, пойафзол, меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, маҳсулоти қаннодию кулчагӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, истироҳатию табобатӣ, маъдани кӯҳӣ, табъу нашр, заргарӣ, гиёҳҳои шифобахш ва дигар молу ашёи рӯзгор ба таври шоиста муаррифӣ гардид.

Ба таъкиди дастандаркорон, ҳамаи молу маҳсулоти ба намоиш гузошташуда ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, имрӯзҳо дар бозори минтақа муштариёни зиёд доранд.

Бо таваҷҷуҳ ба рушди муносибатҳои иқтисодю тиҷоратӣ соҳибкорон, тоҷирону сармоягузорон, теъдоди зиёди шаҳрвандони Ӯзбекистон ва намояндагони бонуфузтарин ширкатҳои тавлидотии муқими Тошканд бевосита бо маҳсулоти корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, роҳандозии тадбири мазкурро муҳим ва манфиатовар маънидод намуданд. Зеро бо таъсиси чунин намоишгоҳҳо ҳамкорӣ тақвият ёфта, дар бозор рақобати солим низ ба вуҷуд хоҳад омад.

Ҳоло корхонаҳои  истеҳсолии Тоҷикистон бо ба инобат гирифтани талаботи аҳолӣ ва омӯзиши бозори минтақа бо ширкатҳои тавлидотии Ӯзбекистон доду гирифти молӣ доранд ва ҳар ду ҷониб ҳам барои идомаи босамари он ҳавасманданд. Далели ин таваҷҷуҳи бештари соҳибкорони Ӯзбекистон ба маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, хусусан ба семент, алюминий, маъдан, маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва дигар молҳои зарурӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки соли равон гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз сад миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки дастоварди хубе дар самти муносибатҳои иқтисодии ду кишвар маҳсуб мегардад.

Аз ҷониби коршиносон таъкид гардид, ки имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои имконияту шароити мусоид бо назардошти мавқеияти ҷуғрофианд, зеро яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоду тиҷорат ба ҳаммарз будани ду кишвар иртибот дошта, он ба табодули мол, инчунин ба коҳиш додани нархи маҳсулот  дар бозорҳо мусоидат менамояд. Аммо ҳар ду ҷониб ба он назаранд, ки барои тақвият бахшидани гардиши молу маҳсулот имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд ва имрӯз вақти он расидааст, ки аз он ба таври васеъ ва самаранок истифода шавад. Ин раванд бештар аз ҳама ба баланд гардидани ҳаҷми гардиши мол байни ду мамлакат, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, дар заминаи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир бо татбиқи лоиҳаҳои бузург дар бахши саноати мамлакат, хусусан бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, воридоти технологияи муосир ва ҷалб намудани сармоягузорон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин ҳама пешрафт дар натиҷаи дастгирии давлат нисбат ба бахши хусусӣ ба миён омада, фазои комили сармоягузорӣ низ аз омилҳое мебошад, ки рушди истеҳсолотро то андозае таъмин намуд.

Дар ин намоишгоҳ ҳамзамон имкониятҳои сайёҳӣ ва истироҳатию табобатии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дилбохтагони табиати зебои кишвари мо хостори ба роҳ мондани ҳамкории судманди ширкатҳои сайёҳии ду ҷониб буда, рушди ин соҳаи сердаромадро дар рушди иқтисоди миллӣ яке аз заминаҳои асосӣ арзёбӣ карданд.

Коршиносон мегӯянд, ки намоиши молҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба тақвияти иқтидори содиротии онҳо, дарёфти сарчашмаҳои сармоягузорӣ ва харидорон мусоидат менамояд.

Дар доираи ин намоишгоҳ дар шаҳри Тошканд Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид, ки дар он асосан намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуда, имкониятҳои сармоягузории ду кишвар дар бахши саноат, энергетика ва сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ муаррифӣ гардид.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки Тоҷикистон бо назардошти рушди бефосилаи иқтисодӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба таҳкими равобити дӯстии халқҳои ду кишвари бародар диққати махсус дода,  ташкили чунин чорабиниҳо ба пешрафти минбаъдаи иқтисодиёт ва тақвияти доираи муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи давлатӣ ва муколама бо бахши хусусӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ин замина ба шароиту имконияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки дар чор минтақаи озоди иқтисодӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак имкониятҳо васеъ буда, барои сармоягузорон имтиёзҳои зиёд пешбинӣ гардидаанд.

Натиҷаи фароҳам овардани чунин имконият таъсису фаъолияти зиёди теъдоди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон мебошад.

Дар идомаи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон байни бархе аз ширкату корхонаҳои истеҳсолии ҳар ду кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Қобили зикр аст, ки баргузории Намоишгоҳи молҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон қадами устуворест, ки  дар самти рушди муносибатҳои иқтисодӣ гузошта шуд.

Ҳамзамон баробари баргузории Намоиши молҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тошканд баргузор гардиданд. Насли имрӯзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки насли Истиқлол дониста мешаванд, ҳама ҷонибдори ҳамкориву ошноӣ ва дӯстиву бародарӣ байни ин ду кишвари Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ин раванд ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон таҳсил намоянд ва донишҷӯёни ӯзбек низ метавонанд дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамвора таҳсил кунанд. Зеро ҳангоми суҳбат бо донишҷӯёни бахши ҳуқуқи Донишгоҳи ҳуқуқшиносии шаҳри Тошканд мо ба ҳавасмандии ҷавонон ва донишҷӯёни ин кишвар барои идомаи таҳсилоти олӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ошно гаштем. Дар Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд ҷавонони тоҷик низ баробари ҷавонони ӯзбек ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Ҳаммиллатони мо мегӯянд, ки Тоҷикистонро бо тамоми ҳастии худ дӯст медоранд. Ҳарчанд муқими Ӯзбекистон, шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Фарғонаву Шаҳрисабз ҳам бошанд, аммо меҳру муҳаббат нисбат ба тоҷикон ва Тоҷикистон ҳаргиз аз дилу дидаашон дур нашудааст. Онҳо дар ин Донишгоҳ бо забони тоҷикӣ сухан гуфта, ҳама дар омӯзиш ва фаъолияти илмӣ баробар мебошанд. Ҳатто дар афкор ва зеҳну каломи кӯдакон ва толибилмони мактабҳои Тошканд имрӯз сухани ошноӣ ва меҳру муҳаббат нисбат ба Тоҷикистон ва халқи шарифи он мушоҳида ва эҳсос мешавад.

Дар Ӯзбекистон ҳафтае ду маротиба рӯзномаи «Овози тоҷик» ба нашр мерасад, ки ин рӯзнома дар тамоми шаҳрҳои Ӯзбекистон филиали худро дошта, шумораи ин рӯзнома дар соли 2017-ум бештар гардонида шудааст. Дар шабакаҳои телевизионӣ ҳафтае як маротиба барномаи «Ҳафт ранг» 25 дақиқа аз Телевизиони Ӯзбекистон манзури тамошобинон мегардад.

Тоҷикон чунин мақол доранд: «Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур».  Бинобар ин оид ба рушди бештари ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни ин ду кишвари ҳамсоя ва дӯсту бародар умедҳо зиёд мебошанд. Боварӣ дорем, ки ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ояндаи наздик аз имрӯз ҳам бештар рушду тавсеа ёфта, ба манфиати мардумони ду давлат хизмат хоҳад кард.

 

 

 Фатҳиддини ЗАМОН,

 журналисти  шабакаи

 телевизионии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 9, 2017 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон