Ансамбли «Дилнавоз» дар Фестивали байналмилалии мусиқӣ дар Чин дар сатҳи баланди касбӣ ҳунарнамоӣ кард
ДУШАНБЕ, 28.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 24 ноябр дар Маркази фарҳангии Макаои Ҷумҳурии Мардумии Чин барномаи консертии ансамбли «Дилнавоз»-и шаҳри Хуҷанд ба таври зинда ва дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардид. Барномаро саҳнае, ки мониторҳои он бо ангораву нақшу нигори миллии тоҷикӣ ороиш ёфта буд, ҷолибтару рангинтар намуд. Дар ин консерт аз мақомоти давлатии Макао ва корпусҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, ҳамчунин бо назардошти он ки ин кишвар аз нигоҳи сайёҳӣ рушд кардааст, сайёҳон низ ширкат варзиданд. Ҳунарнамои ҳунармандони тоҷик аз ҷониби тамошобинон ва созмондиҳандагони фестивал хеле хуб пазируфта шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 27 ноябр дар минтақаи маъмурии махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин Фестивали байналмилалии мусиқӣ баргузор гардид. Дар ҷашнвора ансамблҳои созҳои миллии Тоҷикистон, Германия, Россия, Муғулистон, Сингапур, Ҳиндустон, Гонконг, Қазоқистон ва кишвари мизбон ширкат намуданд.
Тоҷикистонро дар ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ ансамбли созҳои миллии «Дилнавоз»-и шаҳри Хуҷанд муаррифӣ намуд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивал 22 ноябр бо барномаи муштараки кишварҳои иштирокчӣ дар майдони Маҷмааи таърихии «Паолои муқаддас» оғоз гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, зимни ин сафар дар Маркази фарҳангии Макао дарси маҳорат бо иштироки ҳайати ҳунарии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҳар як сози мусиқии миллии тоҷикӣ ба ширкаткунандагони фестивал муаррифӣ гардид. Ҳамзамон миёни ҳунармандони тоҷик ва иштирокчиён табодули афкор ва таҷриба сурат гирифт, ки ин барои тарғиби мусиқии миллии тоҷик ва сатҳи касбии санъаткорон хеле муфид аст.
27 ноябр Фестивал бо консерти оркестре, ки аз ҳисоби мутрибони кишварҳои иштирокчӣ таъсис ёфта буд, ба анҷом расид.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






