Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар Хуҷанд дави миллӣ ва веломарафон баргузор мегардад

Ноябрь 22, 2017 10:25

ХУҶАНД, 22.11.2017.  /АМИТ «Ховар»/.  Дар  шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҷараён доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов хабар дод, дар доираи ҳафтаи ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатӣ  дар варзишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ байни толибилмони мактабҳои миёна, литсею гимназияҳо ва ҳамзамон донишҷӯёни коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо  доир гашта истодаанд.

То имрӯз мусобиқаҳо аз намуди варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, самбо, гӯштини юнонӣ-румӣ, футбол ва карате байни духтарону писарон анҷом ёфта, мусобиқаҳо аз намудҳои дигар идома доранд.

Ҳамчунин 23 ноябр бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Парчами давлатӣ -рамзи ифтихори миллӣ» мусобиқаи оммавӣ-варзишии веломарафон ва дави миллӣ дар масофаи 8 км, оғоз аз Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии «Истиқлол» то микроноҳияи 3-юм бо иштироки васеи дӯстдорони намуди дучархаронӣ ва варзиши сабук гузаронида мешавад.

Ҳадафи ин мусобиқот, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии кишвар, яъне Парчами давлатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ноябрь 22, 2017 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд