Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ техникаҳои махсуси барфтозакунӣ ва корҳои наҷотдиҳӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Раёсати ақибгоҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани 19 адад мошинҳои сабуку вазнини иловагӣ барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот, воситаҳои обгармкунӣ ва дигар лавозимоти соҳа, ки тибқи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харида шудаанд, баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, кумакҳои дастрасгардида дар доираи лоиҳаи чорсолаи «Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш» расонида шуданд, ки миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Япония ва Барномаи Рушди СММ моҳи сентябри соли 2016 ба имзо расида буд.
Дар маросими супоридани кумакҳо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал -лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Ҳоҷиме Китоака, Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар, Ҳамоҳангсози доимии СММ, Роҳбари Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, Директори Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Хорфст ва дигарон иштирок намуданд.
«Мо ҳамагон шоҳидем, ки аввали соли равон дар қаламрави Тоҷикистон боридани барфи зиёд ба қайд гирифта шуд ва дар натиҷаи он фаромадани тарма бештар гардида, боиси ҳалокати шаҳрвандон гардид. Дар ин робита мо барои дастрас намудани воситаҳои техникии бартарафкунандаи ҳодисаҳои фавқулода ба Сафорати Япония муроҷиат кардем, ки имрӯз ин техникаҳо ба мо расонида шуданд»,-иброз дошт Рустам Назарзода.
Зикр шуд, ки ин мошинҳо барои сари вақт ба ҷойҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва тахногенӣ расонидани наҷотдиҳандагони Кумита ва таҷҳизот, ҳамчунин барои роҳандозии корҳои наҷотдиҳӣ дар садамаву офатҳои табиӣ истифода хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи барномаҳои грантӣ, ки Ҳукумати Япония пешниҳод кардааст, ба Кумита барои тоза кардани роҳҳо аз ғарами барфҳои зимистон чор адад мошинҳои барфрӯбӣ супорида шуданд.
«Ғайр аз ин дар доираи татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳум миёни Кумита ва барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар бораи ҳамкорӣ дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба иқлим ду квадракоптор барои ба даст овардани маълумоти саривақтӣ ва дақиқ оид ба ҳолати низоми табиӣ-саноатӣ, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ, пешбинии он барои қабули қарори саривақтии алоқаманд ва пешгирии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи гуногун супорида шуданд»,-зикр кард сардори маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфӣ.
Зимни боздид ва супоридани калиди мошинҳо меҳмонон омодагии хешро барои расонидани кумак ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода иброз доштанд.























Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон






