Бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд конфронси илмӣ доир гардид
ХУҶАНД, 16.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин дастоварди бузурги Иҷлосияи таърихӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва дорои ҳувияти баланди миллӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳбари давлат дар ҳоле зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтанд, ки халқи тоҷик дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дошта, умед ба фардои ҳаёт норавшан буд. Вазифа ва ҳадафҳое, ки пешорӯ меистоданд- пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини ҳарчи зудтари сулҳу субот, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон маҳсуб мешуданд. Ин суханон дар конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақш ва аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ» баён гардиданд.
Конфронси мазкур бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар конфронс раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доир ба «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон» гуфт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори даврони нав дар лаҳзаи сарнавиштсоз ба саҳнаи сиёсат омада, давлати тозаистиқлоли моро аз вартаи ҳалокат, миллати тоҷикро аз парокандагию нобудшавӣ раҳониданд.
Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, профессор Ваҳҳоб Набиев роҷеъ ба «Заминаҳои таърихии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз Каромулло Одилов хотираҳои хешро аз лаҳзаҳои тақдирсози ин иҷлосия баён карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






