Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Ҳисор мусобиқаи бузкашӣ баргузор мешавад

Ноябрь 3, 2017 17:47

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзҳои 4-5 ноябр дар ноҳияи Ҳисор байни дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳия ва вилоятҳо мусобиқаи кок-бору (бузкашӣ)  баргузор мешавад.

Тавре аз  Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа аз соати 08:00 то соати 17:00 давом намуда, дар он иштироки дастаҳои мунтахаби шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Данғара, Ёвон ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар назар дошта шудааст.

Мусобиқаи кок-бору бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор доир карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқа бо ширкати аспҳои зоти тоҷикӣ, англисӣ, ахалтекинӣ ва дигар зотҳо роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Ғолибонро ҷоиза ва мукофотҳои қиматбаҳо интизор аст.

 

 

Ноябрь 3, 2017 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд