Беш аз сеяки моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ бахшида шудаанд — ҳамоиш дар Суди конститутсионӣ

Ноябрь 2, 2017 15:28

ДУШАНБЕ, 02.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз дар толори Суди конститутсионии мамлакат ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки олимон, мутахассисон, намояндагони мақомоти давлатӣ, донишҷӯён ва намояндагони ВАО таҳти унвони «Конститутсия ва рушди давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърӯзаи худ дар рӯзҳои мураккаб ва вазъияти шадиди сиёсӣ-иҷтимоӣ қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистонро ба ёд оварда, зикр кард: «Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳим қабули санади ҳуқуқӣ буд, ки бояд роҳи ояндаи давлату миллатро муайян мекард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯъ изҳор карданд, ки моро зарур аст санадҳои ҳуқуқии худро таҳия ва қабул намуда, онҳоро бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намоем ва ба ин васила, барои бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи ҳуқуқӣ гузорем», — гуфт М.Маҳмудзода.

Ҳамин тавр, идеяи қабул намудани Конститутсия аз Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд сарчашма гирифт ва барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия комиссияи босалоҳият ташкил карда шуд.

Комиссияи мазкур давоми шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия- яке бо идоракунии парламентӣ ва лоиҳаи дигар бо идоракунии президентиро таҳия ва пешниҳод кард.

М. Маҳмудзода дар идома зикр кард, ки «ба раъйпурсии умумихалқӣ лоиҳаи Конститутсия бо идоракунии президентӣ гузошта шуд ва 6 ноябри соли 1994 бо раъйи зиёда аз 87 фоизи интихобкунандагон  бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон ба тариқи раъйпурсӣ Конститутсия қабул карда шуд. Хусусияти муҳими Конститутсияи қабулгардида ин буд, ки он волоияти қонунро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард».

Содиқ Шоназаров, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба ҳозирон иттилоъ дод, ки беш аз сеяки моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ бахшида шудаанд.

«Дар асоси Конститутсия зиёда аз 1000 қонунҳо, аз ҷумла, 17 қонуни конститутсионӣ, 343 қонунҳои соҳавӣ, 22 кодексҳо қабул гардидаанд, ки бешак, дар рушди давлатдории миллӣ нақши муҳим бозидаанд», — зикр кард С.Шоназаров.

Дар ҳамоиш донишҷӯён оид ба дигар хусусиятҳои Конститутсияи мамлакат ба мутахассисон муроҷиат карда, аз коршиносони соҳа ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд.

Ноябрь 2, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад