Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ба қатори маконҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад

Ноябрь 6, 2017 12:10

ДУШАНБЕ, 06.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба қатори маконҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил карда мешавад.

Ин матлаб имрӯз, 6 ноябри соли 2017 зимни  суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боғ таъкид гардид. Вобаста ба ин Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки минбаъд сайёҳон дар қатори дигар мавзеъҳои таърихӣ аз ин боғ низ дидан намоянд.

Ҳамзамон Пешвои миллат изҳор намуданд, ки Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ бояд ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфта, дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шаванд.

Ба андешаи Роҳбари давлат, миллати мо аз қадим ҳамчун мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин маъруф аст ва мо вазифадорем, ки ба масъалаи ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳияҳо, ҷодаву хиёбонҳо ва маҳалли зисти худ, махсусан шаҳри Душанбе эътибори хосса диҳем. Зеро пойтахт оинаи давлат, муаррификунандаи симо ва сатҳи фарҳангу маърифати миллат мебошад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки минбаъд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба масъалаи нигоҳубин кардану ба роҳ мондани фаъолияти доимии он эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

 

Ноябрь 6, 2017 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд