Бо мақсади дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол-2017» эълон гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол-2017»- ро эълон менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, озмуни мазкур миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он, пеш аз ҳама, ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор мебошад.
Пешниҳоди номзадҳо барои иштирок дар озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат то 20 декабри соли равон қабул карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






