Бонки Марказии Қатар омода аст дар бахшҳои низоми бонкӣ бо Тоҷикистон ҳамкории судманд ба роҳ монад

Ноябрь 2, 2017 10:08

ДУШАНБЕ, 02.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо  ҳайати Бонки Марказии Қатар таҳти сарварии раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад,   вохӯрӣ баргузор намуд.   Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода  зикр кард, ки   «ин мулоқот идомаи гуфтушунидҳо ва натиҷаҳоест, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 феврали соли равон дар Қатар ба даст омадаанд. Бояд махсус зикр  намоям, ки дар доираи ин сафари расмӣ 8 ҳуҷҷат оид ба ҳамкорӣ миёни давлатҳои мо, аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории бонкӣ ба имзо расид».

Ҷ. Нурмаҳмадзода изҳори умед намуд, ки тақвияти муносибатҳо байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди тиҷорати дуҷониба ва ҷалби сармоя дар ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки низоми бонкии исломӣ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро ишғол намуда, ба худ доираи васеи истеъмолкунандагони хизматрасонии бонкиро ҷалб намудааст. Аз ин рӯ таваҷҷуҳ ба аҳдҳое, ки дар асоси принсипҳои маблағгузории исломӣ асос ёфтаанд, дар мамлакат афзоиш меёбад.

Дар робита ба ин Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ (кишварҳои собиқ Шӯравӣ) якумин ва ягона кишварест, ки қонуни алоҳидаи соҳавиро соли 2014 оид ба фаъолияти бонкии исломӣ қабул намудааст. Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва мушовирони байналмилалӣ дар самти таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқии роҳандозии принсипҳои маблағгузории исломӣ ва кушодани институтҳои қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ дорад.

Раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ аз ҷорӣ намудани низоми бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки Бонки Марказии Қатар омода аст бо истифода аз имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла, низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан нав ҳамкории судманд ба роҳ монад.

Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ ҳамзамон иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо истифода аз мутахассисони соҳибтаҷрибаи Қатар барои кормандони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои наздиктарин семинарҳо ва машғулиятҳои омӯзиширо дар самтҳои гуногун, аз қабили ташкил намудани машваратҳои дучониба, семинарҳо ва боздидҳои омӯзишӣ дар доираи барномаҳои таҷрибаомӯзӣ дар самти ҷорӣ намудани принсипҳо ва стандартҳои исломӣ, сирри маълумотӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ ба роҳ монад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо аз он изҳори умед намуданд, ки ин гуна вохӯриҳо ба таҳкиму тақвияти минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд такони ҷиддӣ бахшида, барои дастоварду муваффақиятҳои нав имкониятҳои хуб фароҳам меоранд.

 

Ноябрь 2, 2017 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад