Бозор Собир: «Рисолати шоир – ватандӯстӣ ва ифтихори миллист…»

Ноябрь 20, 2017 16:28

ДУШАНБЕ, 20.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз шоири шаҳри тоҷик Бозор Собир зодрӯз дорад – ӯ ба синни мубораки 80 қадам ниҳод. Дар ин рӯз дар саҳнаи «Театри Қабардин»-и шаҳри Налчик дар иҷрои ҳунармандони Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов,  ки барои иштирок дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳо «Саҳна бидуни сарҳад» («Сцена без границ») ба  Федератсияи Россия  ба сафари ҳанарӣ баромадаанд,  намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» манзури тамошобинон гардонда мешавад. Ин намоишномаро коргардон Нозим Мелик аз рӯи ашъори Бозор Собир таҳия намудааст. Пагоҳ намоишномаи мазкур дар саҳнаи Театри драмавии русиишаҳри Владикавказ низ ба намоиш гузошта мешавад.

Бозор Собир, шоири маъруфи адабиёти муосири тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ(1988) 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.  Ӯ дар бачагӣ аз падар бармаҳал ятим мондааст, зеро падараш дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалок  шуда буд. Баъдҳо Бозор Собир гуфтааст:

 

Дар сари кӯчаҳои Файзобод,

Чашм ба роҳи кӯҳна шому саҳар.

Кӯдакиам ҳанӯз гирён аст,

Дар кафи ӯ хатти сиёҳи падар…

 

Маълумоти миёнаро Бозор Собир дар мактаб-интернати шаҳраки Ҳисор ба даст оварда, соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар идораҳои рӯзномаи «Маориф ва маданият», маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ғайра фаъолият доштааст. Соле дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ба сифати тарҷумон ва аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сифати мушовири бахши назм кор кардааст.

Бозор Собир 19 соли ҳаёташро, ки ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рост омад,  дар Россия ва Амрико сипарӣ карда, 27 майи соли 2013 бо даъвати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт ва ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи давлат ба ӯ дода шудааст, умр ба сар мебарад.

Маҷмуаҳои ашъори Бозор Собир «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳаводорони зиёд доранд. Шоир  соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.

4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоири маҳбуби халқи тоҷик Бозор Собир ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 3»-ро тақдим намуданд. Вақте Сарвари давлат мукофоти олии Ватанро ба ӯ месупориданд, шоир чун изҳор намуд: «Ин нахустин ордене аст, ки ман дар умрам гирифтаам».

Дар мусоҳибаҳояш бо хабарнигорон Бозор Собир
дар мавриди муносибати шеъру сиёсат чунин    гуфтааст: «Дар ҳар маврид шеър ҷузъи сиёсат аст. Шеърҳои сиёсӣ моли бузургтарини адабиётанд. «Шоҳнома» ба сиёсати Давлати Сомониён бахшида шуда буд. Шеъру достонҳои Маяковский бузургтарин мероси сиёсати Инқилоби октябр мебошанд. Адабиёт аз сиёсат берун буда наметавонад. Нависанда, агар одами пешқадами замон бошад, чи хел вай ба сиёсат наметавонад сарукор дошта бошад? Агар сарукор надошта бошад, одами замонавӣ нест. Ва зимнан, адибу зиёие, ки «ман ба сиёсат кор надорам» мегӯяд, як нафар ҷоҳил асту бас. Сиёсат қутбнамои вақту замон ё замону макон аст».

Дар як шеъраш шоир гуфтааст:

Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,

Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.

Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,

Шеър дар ҳалқам бимирам,

Шоири халқам бимирам.

Бозор Собир дар мусоҳиба бо агентии иттилоотии «Спутник»-и Россия иброз дошт, ки «рисолати шоир – ин ватандӯстӣ. Ифтихори миллӣ, гиромидошти мерос ва ҳунари халқ, омӯзиш ва ҳифзи дастовардҳои халқ аст» («Миссия поэта — это патриотизм, национальная гордость, почитание народного наследия,  искусства, изучение и защита достижений народа»).

Намоишномае, ки имрӯз ва фардо дар саҳнаи Ҷашнвораи байналмилалӣ дар Россия намоиш дода мешавад, дар бораи муҳаббати бепоёни Бозор Собир ба халқу Ватанаш нақл мекунад.

 

 

 

 

Ноябрь 20, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд