«ДӮСТӢ БА ХОТИРИ ОЯНДА». Фестивали филмҳои Корея – 2017 ифтитоҳ гардид

Ноябрь 14, 2017 10:09

ДУШАНБЕ, 14.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 11 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали филмҳои Корея – 2017 ҷараён дорад.

Маросими ифтитоҳи фестивали кинои Корея дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Дӯстӣ ба хотири оянда» ба таври тантанавӣ  баргузор гардид.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни оғози фестивал муовини Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Музаффар Давлатзода изҳор дошт, ки баргузории чунин падидаи хурсандибахш ба шарофати сиёсати дурандешонаи сарварони ду давлат — Тоҷикистон ва Корея, инчунин кӯшиши вазоратҳои фарҳанги ҳарду кишвар баҳри ҳамкории пурсамар имконпазир гардид.

«Ҳадафи ниҳоии Кинофестивали Корея – ин таҳкими дӯстӣ байни халқҳои мо, густариши робитаҳо ба хотири шукуфоии фарҳанг, шиносоӣ бо санъати волои синамо ва ташаккули ҷаҳони маънавии ҳамзамонон мебошад», — иброз дошт Музаффар Давлатзода.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки насли калонсоли кинематографистони Ҷумҳурии Корея таи даҳсолаҳо намунаҳои олии филмҳои бадеӣ офаридаанд. «Кинои Корея таърихи бою арзанда ва ифтихорбахш дорад. Насли нави кинои Ҷумҳурии Корея ин анъанаро сарбаландона идома медиҳад», — зикр намуд мавсуф ва илова намуд, ки тамошобини тоҷик аз тамошои филмҳои кореягӣ, ки дар арсаи байналхалқӣ обрӯи хосса доранд, баҳраи маънавӣ хоҳад бардошт.

Ҳамчунин дар доираи ин сафар меҳмонони Ҷумҳурии Корея дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо донишҷӯён мулоқот намуда, зимни он фарҳангу либоси миллии хешро намоиш доданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали филмҳои Корея – 2017 то 16 ноябр идома меёбад.

 

 

 

Ноябрь 14, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад