Дар Бадахшон барои кормандони дастаи таъйиноти махсуси милитсия қароргоҳи нав бунёд шуд
ХОРУҒ, 07.11.2017 (АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати шаҳраки Шириншо Шоҳтемур, дар канори Боғи набототи шаҳри Хоруғ барои 25 нафар кормандони дастаи таъйиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қароргоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва муовини Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Мамадсаид Саидзода ширкат доштанд. Утоқу ҳуҷраҳои бино бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ ва силоҳу муҳимоти нави ҷангӣ таъмин шудаанд. Нозири калони Раёсати мазкур Далер Чоршанбиев гуфт, ки барои пурсамар истифода бурдани вақт ва беҳтар иҷро намудани вазифаи хизматӣ ба ҳайати шахсӣ шароити хуби маишию корӣ фароҳам овардаанд. Дар дохили бино ҷои хоб, ошхона ва ҷои нигоҳдории силоҳ низ мавҷуд аст.
Кормандони Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирӣ ва шуъбаи иқтисоду молияи Раёсати мазкур низ дар остонаи Рӯзи милитсияи тоҷик соҳиби утоқҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона гардиданд. Муовини Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо кормандони Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирӣ изҳор дошт, ки “солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳони ватанию хориҷӣ ба ин гӯшаи зебои Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз ин рӯ бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон зарурати боз ҳам беҳтар намудани шароити Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба миён омад. Аз шумо фақат талаб карда мешавад, ки бо мизоҷони худ муносибату муомилаи хуб кунед”.
Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Мамадсаид Саидзода афсарону ҳайати шахсиро аз номи Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, як гурӯҳ кормандони милитсияро барои хизмати содиқонаву софдилона, зоҳир намудани малакаву маҳорати баланди касбӣ зимни адои вазифаи хизматӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии милитсия», медалҳои «Барои хизмати шоён», «Милитсияи Тоҷикистон», ифтихорнома, сипосномаи Вазири корҳои дохилӣ ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






