Дар Боку ҷаласаи ҷамъбастии амалиёти минтақавии назорати моддаҳои кимиёвӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар Маркази минтақавии рушди институтсионалии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, воқеъ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҷаласаи ҷамъбастии амалиёти минтақавии назорати моддаҳои кимиёвӣ баргузор гардид.
Дар он аз намояндагони минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи марказӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо Ашита Миттал ва Батир Гелдиев, намояндагони давлатҳои аъзо, раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон Айдин Алиев, инчунин намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Гурҷистон, Афғонистон ва Покистон ширкат варзиданд.
Сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Маҳкамова оид ба ҷараёни амалиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои бадастомада бо муаррифӣ дар мавзӯи «Амалиёти минтақавӣ оид ба назорати моддаҳои кимиёвӣ-1» дар доираи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи марказӣ, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук (WCO)» маърӯза кард.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, «Таҷриба ва дарсҳои аз амалиёти минтақавӣ бадастомада», «Мисолҳои амалии амалиёти минтақавии барномаи ҳамлу нақли контейнерҳо ва «Бағоҷи варзишӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби намояндагони кишварҳои аъзои Барномаи Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо барои амалиёти минбаъда тавсияҳо пешниҳод гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






