Дар Бозори хайрияи кишварҳои Осиё дар Қоҳира гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябри 2017 Сафорати Тоҷикистон дар Миср дар Бозори хайрияи солонаи кишварҳои Осиё, ки онро Анҷумани ҳамсарони сафирони кишварҳои осиёӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои Қоҳира дар соҳили Нил баргузор намуд, иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бозори хайрия дар ҳузури ҳамсари Вазири корҳои хориҷии Миср хонум Сузӣ Шукрӣ расман ифтитоҳ гардид.
Гӯшаи Тоҷикистонро, ки мавриди истиқболи меҳмонони сершумори мисрӣ ва хориҷӣ қарор гирифт, намунаҳои фаровардаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзанӣ, гилкорӣ, зеваролоти сангӣ ва ғайра оро доданд.
Дар бозори хайрия 20 кишвари осиёӣ ширкат намуда, даромади бозор ба ҳадафҳои хайрия сарф хоҳад шуд.
Фаъолияти бозори хайрияи Осиёро расонаҳои кишвари маҳалли иқомат ба таври густурда бозтоб намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






