Дар бозори марказии шаҳри Хоруғ тоҷирро аз харидор фарқ кардан душвор аст

Ноябрь 28, 2017 16:36

ХОРУҒ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии  «Тоҷикстандарт» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бо мақсади иҷрои риояи бандҳои Қонун «Дар бораи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба либоси ягона ва нишони сарисинагӣ дар  бозори марказии шаҳри Хоруғ санҷиши навбатӣ баргузор карданд. Як тан аз кормандони Раёсати мазкур Зафар Мирзонаботов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ҳар як меҳмон ва ё сайёҳе, ки ба мамолики Шарқ сафар мекунад, пеш аз ҳама, аз бозор хабар мегирад. Аз ин рӯ соҳибкорону тоҷироне, ки дар бозор ба хариду фурӯш машғуланд, бояд ба фарҳанги либоспӯшӣ, муоширату муносибати худ аҳамияти бештар зоҳир кунанд. Ҳар як харидор бояд дар  тани худ либоси хос дошта бошад, то харидор ӯро аз дигарон фарқ кунад. Ҳамчунин нишони сарисинагӣ дошта бошад, ки дар сурати ноқис будани  мол харидор донад, ки онро аз кӣ харидааст. Аммо бештари соҳибкорони бозор ва дӯкону мағозаҳои шаҳри Хоруғ ҳанӯз ҳам аз пӯшидани либоси ягона сарфи назар мекунанд ва  харидорон  хангоми хариди мол  бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.  Зеро ҳеҷ фарқе миёни харидору фурӯшанда намебинанд».

Ба гуфтаи кормандони раёсати «Тоҷикстандарт», минбаъд агар тоҷирон либоси ягона ба бар накунанд, аввал ҷарима ва  дар сурати  такрор ёфтани ин амал фаъолияти онҳо қатъ  хоҳад   шуд.

Яке аз дигар мушкилоте, ки харидорон бо он дар бозору мағоза ва ошхонаву дӯконҳои савдо  дучор меоянд, ин муайян набудани нархи дақиқи  молу маҳсулот аст. Дар робита ба ин зимни санҷиш  кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят  оид ба муҳимияти  пӯшидани либоси ягона, доштани нишони  сарисинагӣ ва часпондани нархномаи маҳсулот бо соҳибкорону тоҷирони   бозор  корҳои фаҳмондадиҳӣ  анҷом доданд.

Ноябрь 28, 2017 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд