Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор шуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо дар робита ба корҳои анҷомдодашуда вобаста ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо доир ба таъмини мутобиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо ва ҳисоботи роҳбарони гурӯҳҳои кории техникӣ шунида шуда, масъалаҳои ҷории марбут ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзити молҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд зикр намуд, ки мутобиқи талаботи Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо ва бо мақсади таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳо, таъмини ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи содагардонии расмиёти савдо ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо” таъсис дода шуд. Амалӣ намудани муқаррароти Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки дар кишвар ҳангоми амалиёти содиротию воридотӣ ва транзити молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Инчунин татбиқи Созишномаи мазкур дар маҷмӯъ ба тезонидани ҷараёни татбиқи низоми иттилоотии “Равзанаи ягона”, огоҳонидани субъектҳои Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ФИХ), кам кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми амалиёти содиротию воридотӣ ва татбиқи усули идоракунии таваккал дар сарҳад ҳангоми содироту воридот тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






