Дар Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Франсия баргузор гардид

Ноябрь 23, 2017 16:45

ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия баргузор гаштанд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Франсияро Директори Департаменти Аврупои Континенталӣ хонум Флоранс Манжан роҳбарӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкории фарогир ва мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Франсия дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла, сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, обу энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, илму фарҳанг ва туризм дар меҳвари музокирот қарор доштанд. Ҷонибҳо инчунин дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир табодули назар карданд. Мусоҳибон муносибатҳои Тоҷикистону Франсия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар минтақаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар фарҷоми машваратҳо омодагии мутақобил ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок иброз гардид.

Дар машваратҳо ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ширкат варзид.

 

Ноябрь 23, 2017 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард