Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Туркманистон Оразмурод Гурбонназаров оғоз бахшида, дар бораи моҳият ва аҳамияти ин ҳамоиш сухан гуфтанд ва ба кори форум ва ривоҷи минбаъдаи ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ду кишвар барору комёбӣ таманно намуданд,
Сипас Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Вазири иқтисод ва молияи Туркманистон Ботир Базаров роҷеъ ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Туркманистон маълумот доданд.
Имкониятҳои сармоягузории ду кишвар ба ҳозирин аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон Александр Дадаев ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Бабаклич Каличев муаррифӣ карда, роликҳои тарғиботӣ намоиш дода шуданд.
Маводи муфассалтар дар бораи ин Форум баъдтар нашр карда мешавад.




































Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






