Дар Душанбе китоби «Ҷавонон- пайрави Эмомалӣ Раҳмон» рӯнамоӣ гардид

Ноябрь 4, 2017 12:32

ДУШАНБЕ, 04.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯнамоии китоби «Ҷавонон- пайрави Эмомалӣ Раҳмон»- бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.   Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Зимни рӯнамоии китоб гуфта шуд, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад ва мебояд дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ҷавонон ҳамеша дар пайи аз худ кардани илмҳои замонавӣ бошанд ва ба ин васила дар таҳкими кишвар саҳми назарраси худро гузоранд.

«Ҷавонон- пайрави Эмомалӣ Раҳмон» бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи нашриёти «Эр-граф» аз чоп баромад. Китоби мазкур 74 мақолаи олимони ҷавонро оид ба дастуру ҳидоят ва ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фаро мегирад.

Маҷмӯа бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб нашр гардида, армуғони хубе барои олимони ҷавони кишвар аст.

Хонанда метавонад аз ин маҷмӯа нигоҳи наву тозаи ҷавонони кишварро оид ба масъалаҳои мубрами рӯз ва инъикоси хизматҳои таърихии Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи озоду демократӣ ва пешрафтаю шукуфо дарёбад.        

Ноябрь 4, 2017 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд