Дар Душанбе масоили сиёсати монетарию қарзӣ, тадқиқот ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳоту навовариҳо ва истифодаи фишангҳои нави монетарӣ ҷиҳати гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ муҳокима гардиданд.
Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, бо иштироки муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳайати намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, Ҷамъияти германиягӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки Рушди Германия дар робита ба масъалаҳои сиёсати монетарию қарзӣ, тадқиқот ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ислоҳоту навовариҳо, ба мисли истифодаи фишангҳои нави монетарӣ ҷиҳати гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ — ҳадафгирии таваррум (Inflation targeting), ки давоми ду соли охир раванди татбиқшавӣ дорад, ҷалб намуд. Зикр шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шудаанд, вале дар баробари ин зарурат ба кумаки техникӣ, аз ҷумла, ҷалби мушовирони таҷрибадор ҷой дорад.
Ҳамчунин нақшаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, дурнамо ва такмили он, ҷараёни ташаккули сиёсати монетарӣ, воситаҳои таъсиррасони сиёсати монетарӣ, нақши равобит бо ҷомеа тавассути ВАО, татбиқи сиёсати асъорӣ, амалиёти монетарӣ, талаботи захиравӣ, бозори пул ва коғазҳои қиматнок муҳокима гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки ҳадафгирии таваррум – реҷаи сиёсати пулию қарзиест, ки ҳадафи ниҳоии он муътадил намудани нархҳо дар давраи дарозмуҳлат мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф Бонки миллӣ тавассути сиёсати фоизӣ ҷиҳати таъмини муътадилии нархҳо ҷораҷӯӣ менамояд.
То имрӯз 28 давлати дунё аз реҷаи ҳадафгирии таваррум истифода мебаранд. Аз ҷумла, таҷрибаи мазкур дар миёни кишварҳои ИДМ дар ҷумҳуриҳои Арманистон, Гурҷистон, Россия ва Украина мушоҳида гардида, дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ба реҷаи ҳадафгирии таваррум таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст






