Дар Душанбе меҳмонхонаи «Варзиш» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 8.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд меҳмонхонаи «Варзиш» дар пойтахт баъд аз таъмиру таҷдид аз нав ба фаъолият оғоз намуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зикр кард, ки меҳмонхонаи «Варзиш» макони буду боши варзишгарон дар вақтҳои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дохилӣ интихоб гардида, барои фароҳам овардани шароити беҳтар аз нав таъмиру бозсозӣ гардид.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонхонаи «Варзиш» то лаҳзаи таъмир дорои 30 ҳуҷра буда, дар як вақт 160 нафар варзишгаронро қабул менамуд. Баъд аз таъмири пурраи бино 36 ҳуҷра бо тамоми шароити буду бош муҷаҳҳаз гардида, бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ барои 200 нафар варзишгарон ҷои хоб муҳайё гардид.
«Соҳаи варзиш дар кӯтоҳтарин муддати даврони истиқлолият дар натиҷаи заҳматҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, имрӯз зиёда аз ҳаштуним ҳазор иншооти варзишӣ дар ихтиёри варзишгарон қарор доранд. Танҳо дар соли равон бахшида ба Соли ҷавонон дар пойтахти кишвар зиёда аз 80 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар назар аст, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе 100 иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд»,- баён дошт Аҳтам Абдуллозода.
Ба гуфтаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳмад Баҳриддинов, меҳмонхонаи мазкур барои варзишгарон макони муқаддас маҳсуб шуда, ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, хусусан Саидмуъмин Раҳимов, Зебунисо Рустамова, Андрей Абдувалиев, Расул Боқиев, Дилшод Назаров ва дигарон маҳз дар ҳамин макон зиндагӣ ва тамрин намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд.
«Имрӯз меҳмонхонаи «Варзиш» ба меҳмонхонаи ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ табдил гаштааст. Ин дастгирии Ҳукумат кормандони соҳаи варзишро бори дигар водор менамояд, ки варзишгарони беҳтаринро тарбия намуда, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бардоранд»,-иброз дошт Саидаҳмад Баҳриддинов.










Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






