Дар Душанбе Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони молиявӣ доир гардид

Ноябрь 30, 2017 14:42

ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи 5-уми Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) бо иштироки намояндагони бонкҳои марказии (миллии) ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон, Россия, Беларус, Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муовини раиси Бонк Лола Салимова ва намояндагони Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ иштирокдорон оид ба самтҳои гуногуни ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии электронӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ бо муаррифиномаҳои ҷолиб баромад карданд.

Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин аз таҷрибаи кишварҳои худ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони молиявӣ табодули таҷриба намуда, аз дастовардҳои худ дар ин раванд иттилоъ доданд.

Дар   ҷаласаи мазкур  аз ҷониби иштирокчиён нақшаи кории Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ барои солҳои 2017 -2018 тасдиқ гардида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯрои мазкур, аз ҷумла,  рушди механизми то судии ҳалли баҳсҳо (медиатсия), таҳияи стандартҳои ҳадди ақал оид ба амонату пасандозҳо ва беруннавис аз суратҳисоби муштариён, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии мактаббачагон ва муҳоҷирони меҳнатӣ муайян карда шуданд.

Ноябрь 30, 2017 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд