Дар Германия дурнамои ҳамкории дуҷониба байни бародаршаҳрҳо — Душанбе ва Ройтлинген баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14-15 ноябри соли равон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неъматов ба шаҳри Ройтлинген– бародаршаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафар Сафири Тоҷикистон аз ҷониби обербургамистри шаҳри Ройтлинген хонума Барбара Бош ба ҳузур пазируфта шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар оғози суҳбат Сафири Тоҷикистон ба хонум Барбара Бош салому паёми дӯстонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро расонда, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи байни бародаршаҳрҳо — Душанбе ва Ройтлингенро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳарду ҷониб омодагии хешро баҳри таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ таъкид карданд.
Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон аз хонум Барбара Бош даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояш муносиб аз шаҳри Душанбе боздид ба амал оварад. Хонум Барбара Бош барои даъват изҳори миннатдорӣ намуда, паёми дӯстонаи худро ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фиристод. Ӯ, аз ҷумла, иброз дошт, ки омода аст дар фурсати муносиб ҳамроҳ бо ҳайати соҳибкорон ва фарҳангиёни шаҳри Ройтлинген ба бародаршаҳри Душанбе сафар анҷом диҳад.
Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Палатаи тиҷорат ва савдои шаҳри Ройтлинген доктор Йенс Каспер баргузор гардид.
Зимни мулоқот Сафир оид ба имконоти иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз Палатаи саноат ва савдои минтақаи Ройтлинген даъват ба амал овард, ки барои ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони аъзои Палатаи мазкур ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






