Дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон 229 нафар, аз ҷумла, 81 нафар шахсони дар кофтуков қарордошта боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 9 моҳи соли равон қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни фаъолияти хизматӣ-ҳарбӣ 61 амалиёти махсус анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии мамлакат иттилоъ доданд. Зикр гардид, ки сарҳадчиёни мамлакат 17 амалиётро дар алоҳидагӣ, 29 амалиётро бо хизматчиёни КДАМ ҶТ ва 15 амалиётро бо дигар сохторҳои қудратӣ гузаронидаанд.
Дар ин давра 26 ҳолати задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиёни маводи мухаддир ба қайд гирифта шуда, 13 нафар қочоқчиёни маводи нашъаовар безарар гардонида, 1 нафар захмӣ ва 19 нафар дастгир шуданд. 28 маротиба кӯшиши вайронкунии сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуд.
Ҳамчунин давоми 9 моҳи гузашта 107 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда, 302 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур дар доираи 75 парвандаи ҷиноятӣ ва 46 парвандаи маъмурӣ тафтишот бурда шудааст.
Аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори зиёда аз 1 тоннаву 314 кило маводи нашъадор, аз ҷумла: 9 кг 967 гр героин, 392 кг 544 гр афюн, 709 кг 473 гр ҳашиш, 198 кг 075 гр бангдона (канабис), 4 кг 908 гр метамфитамин, 415 ҳазору 552 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Инчунин дар натиҷаи амалиёти гузаронида 22 адад яроқи оташфишон, 600 дона тир, 6 дона норинҷаки дастӣ, 38 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз ҷониби мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ 229 нафар ашхос боздошт шуданд. Аз ҷумла, 75 нафар вайронкунандагони низом дар гузаргоҳи сарҳади давлатӣ, 73 нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 81 нафар шахсони дар рӯйхати кофтуков қарордошта дастгир шуда, пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.








«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






