Дар Истанбул Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил гардид
АНҚАРА, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон дар Истамбули Туркия Мизробиддин Сафаров бо шаҳрвандони тоҷики муқими ин шаҳр ва атрофи он баргузор гардид.
Консули генералӣ доир ба таърих ва аҳамияти баргузории иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу субот ва дастоварҳои Ҳукумати кишвар дар даврони Истиқололият сухан гуфт.
Зикр гардид, ки қабули нахустин Конститутсия рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб рафта, баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми меъёрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ буда, кафили озодиҳои инсон ва шаҳрвандон дар кишвар ва танзимкунандаи меъёрҳои ҳуқуқии ҷомеаи демократӣ мебошад. Ин санади воқеан ҳам тақдирсоз ояндаи дурахшони ҷомеаи моро муайян намуда, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол шуморида мешавад.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва террористӣ хусусияти байналмилалӣ касб кардааст. Дар ин замина, доир ба аъзои ташкилотҳои террористию экстремистие, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидааст, аз ҷумла, фаъолияти ТЭТ ҲНИТ ва «Гурӯҳи-24», ки пайвандҳои қавӣ бо ташкилотҳои бузурги террористию экстремистии байналмилалӣ доранд, маълумот дода шуд.
Зимни мулоқот аз ҳамватанон хоҳиш карда шуд, ки ба фиреби ҳар гуна неруҳои манфиатхоҳи бегона, аз ҷумла, ҳизбу гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротгаро дода нашаванд.
Зикр гардид, ки мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳими ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Пас аз анҷоми мулоқот дастурхони идона бо хӯрокҳои миллӣ ороста шуда, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, асарҳои косибӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон ва маводи таблиғотӣ доир ба муаррифии симои кишварамон ба иштирокчиён манзур гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






