Дар Кореяи Ҷанубӣ Форуми «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» доир гардид

Ноябрь 3, 2017 15:04

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи анҷоми парвози техникӣ ҷиҳати ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Сеул, ки 31 октябри соли равон ширкати «Сомон Эйр» анҷом дод, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Сеул ба доираҳои васеи ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонон имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар Форум  маводи иттилоотию таблиғотии ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу табобатгоҳҳои Тоҷикистон, маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва мусаввараҳо ба намоиш гузошта шуда, санъати волои навозандагӣ ва рақси тоҷикӣ пешниҳод карда шуд.

Иштирокчиёни ҷамъомад аз Намоишгоҳ ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, ба он баҳои баланд доданд.

Аз ҷониби иштирокчиён таъкид гардид, ки Тоҷикистон воқеан ҳам дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ буда, биҳишти рӯи замин мебошад.

Ҳамзамон ҷиҳати ҷалби сайёҳони Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон мулоқоту гуфтушунидҳо анҷом дода шуда, ҳавасмандии ҷониби Корея ба сайру саёҳати Тоҷикистон изҳор карда шуд.

Ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

 

 

 

Ноябрь 3, 2017 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд