Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷараёни иҷрои Буҷети давлатӣ натиҷагирӣ гардид

Ноябрь 24, 2017 15:05

ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маҷлиси намояндагон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода зикр кард, ки  бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017 аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва таъмини сифатноки буҷети давлатӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Зикр шуд, ки мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати молия, соли 2017 барои пешбурди фаъолият ва иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ вогузоршуда, дар буҷети ҷумҳуриявӣ 23,9 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ин маблағ барои музди меҳнат 11,0 млн. сомонӣ, хариди молҳои техникӣ 4,5 млн. сомонӣ, захираҳои моддию молӣ 1,6 млн. сомонӣ, хароҷоти ҷорӣ ва таъмири ҷорӣ 3,2 млн. сомонӣ ва дигар хароҷот 3,6 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шуда, иҷрои он дар 9 моҳи соли ҷорӣ 15,9 млн. сомонӣ ё 66 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Тибқи тафтишу санҷишҳои дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва сохторҳои он аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдода,  барои содир намудани камбудиҳои молиявӣ нисбат ба 13 нафар шахсони масъул ҷазои интизомӣ татбиқ карда шуд.

Дар назди ҳозирин ҳамзамон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва дигар масъулини соҳа гузориш доданд.

Ноябрь 24, 2017 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд