Дар Лахш бо мақсади ба амал овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ вохӯрӣ доир гардид
ЛАХШ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони шуъбаи минтақавии ноҳияи Рашти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаҳои гуногуни буҷетӣ ва ҷавонони ноҳияи Лахш вохӯрӣ доир намуданд.
Нозири калони шуъбаи минтақавии ноҳияи Рашти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимҷон Шоҳиён гуфт, ки мақсад аз баргузории ин гуна вохӯриҳо дар ноҳияҳои минтақаи Рашт фаҳмонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия, тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирию рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки муқовимат бо коррупсия ва паст кардани сатҳи он аз муборизаи дастаҷамъона, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва шуурнокии ҳар як фарди ҷомеа вобастагӣ дорад. Ҳамзамон ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии кишвар дар ҳамбастагию ҳамкории судманди ҷомеа бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирии коррупсия мусоидат менамояд.
Дар мулоқот барои дарси ибрат гирифтани кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия баён гардид, ки А. Маҳмадов дар вазифаи мудири филиали рақами 11 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и ноҳияи Лахш кор карда, аз ваколатҳои мансабиаш суиистифода намудааст. Ӯ ба муҳлати як сол қарзҳои кредитӣ тартиб дода, ба соҳибкорон Д. Нодиров ба маблағи 30 000 сомонӣ, А.Таштанов 30000 сомонӣ ғайриқонунӣ додани кредитро тартиб дода, онро аз қайди нотариалӣ нагузарондааст. Нисбат ба онҳо бо моддаи 246 қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Инчунин шаҳрванд И.Ахмедов 24 апрели соли 2017 аз «Амонатбонк»-и ноҳияи Лахш ба маблағи 30 000 сомонӣ қарзи бонкӣ гирифта, бо фоизҳояш ба бонки мазкур 61 ҳазору 020 сомонӣ зарар овардааст.
Ҳамчунин Ш. Идибеков 25 январи соли 2017 ба номи худаш 22 ҳазор сомонӣ ва ба номи ҳамсараш 8250 сомонӣ қарз гирифта, ин маблағҳоро барои эҳтиёҷоташон сарф намуда, бо ин кирдорашон ба бонки мазкур зарари калони молӣ расонидаанд.
Нисбат ба ҳамаи онҳо бо моддаи 246 қисми 2 банди «а»-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






