Дар маркази ноҳияи Файзобод ливои бахту саодат насб гардид
ФАЙЗОБОД, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 1000 нафар ҷавонон роҳпаймоии бошӯкуҳ доир гардид. Ба ифтихори ин рӯзи таърихӣ бо иштироки меҳмонону сокинон дар назди бинои ҳукумати ноҳия дар баландии 30 метр байрақи Тоҷикистон бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ насб гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода гуфт, ки «имрӯз дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ, печидатар гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, авҷ гирифтани терроризми байналмилалӣ, дар ҳар канори дунё сар баровардани ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра хатар эҷод мекунанд, ҳар як сокини мамлакат, хусусан насли ҷавонро зарур аст, ки бо шукрона аз файзи истиқлолу озодии кишвар ва дастовардҳои миллат зери Парчами давлатӣ беш аз пеш муттаҳидтару якдил гардида, баҳри боз ҳам ободу зебо ва шукуфонтару шуҳратманд гардидани Тоҷикистон кӯшиш намоянд. Ҳифзи парчами давлатӣ, муқаддасу гиромӣ доштани он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост».
Ҳамчунин баҳри болидахотирии сокинон ба ифтихори ин рӯзи муборак дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки ҳунармандону сарояндагон консерти идона баргузор гардид.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






