Дар Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 27-29 ноябри соли 2017 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини Вазири корҳои хориҷӣ, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Маҳмадшариф Ҳақдод роҳбарӣ кард.
Дар ҷаласаи мазкур ҳуҷҷатҳои ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои аъзои СҲШ, ки 30 ноябр — 1 декабри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор мегардад, баррасӣ ва мувофиқа гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






