Дар ноҳияи Б. Ғафуров бинои нави маъмурии Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлил аз 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бинои нави маъмурии Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти зебои дуошёна муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, роҳбарияти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Бинои мазкур бо тамоми шароити корӣ муҷаҳҳаз буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қомат афрохта, дорои тарҳи зебову замонавӣ мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин бинои маъмурӣ моҳи июли соли равон шурӯъ шуда, он дар кутоҳтарин муддат бо сифати баланди меъморӣ аз ҷониби бинокорони соҳибтаҷрибаи Ҷамъияи саҳомии «КСМ-119»-и шаҳри Хуҷанд сохта шудааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоот 30 нафар бинокорони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Аксарияти кормандони соҳаро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои роҳбари корхона Олимбек Юлдошзода, ки мутахассиси ҷавон аст, бинои нав дорои 13 утоқи кории барҳаво буда, дар он 81 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Бинои маъмурӣ дар масоҳати се садяк замин қомат афрохта, дорои маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст ва ошхона барои 50 нафар мебошад. Кормандони ин корхона дар се раёсат ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси муроҷиат барои омода намудани парвандаҳои заминсозӣ, додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, бақайдгирии хонаҳои истиқоматӣ, иншооти сохтмонаш нотамом, биноҳои ҷудогона, тартиб додани шиносномаи техникӣ ва инчунин додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ ва иқтибос аз китоби бақайдгирӣ ҷиҳати бастани актҳои гражданӣ ба шаҳрвандони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат мерасонанд.
Директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Б.Ғафуров Олимбек Юлдошзода мақсади асосӣ аз таъсис додани корхонаи мазкурро дар ташкили равзанаи ягонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он вобаста дониста, зикр кард, ки тавассути он шароити мусоид фароҳам овардан ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ба тартиб даровардани андозбандӣ дар соҳа мебошад.
Дар расми ифтитоҳи ин иншоот таъкид шуд, ки давоми соли 2016 ва 10 моҳи соли 2017 аз тарафи корхонаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 44 ҳазору 962 адад амволи ғайримақули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Истаравшан, Спитамен, Панҷакент ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои маъмурӣ ба истифода дода шуда, айни замон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони ин гуна иморат ҷараён дорад. Аз ҷониби кормандони корхона муроҷиати сокинон дар муҳлати муқарраргардида омӯхта шуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода мешавд.
Дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ба як зумра кормандон, ки дар фаъолияти ҳамарӯзашон пешравиҳои назаррас доранд, дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои арзишманди Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.























Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид






