Дар Остона масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии ҷамъбастии тарафҳои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ доир ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар баргузор гардид.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид – Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов, намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода роҳбарӣ намуд.
Ба ҳайати Тоҷикистон инчунин намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ шомил буданд.
Дар вохӯрӣ масоили тамоюлҳои нав ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психоактивии нав, маблағҳои ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди маблағгузории терроризм ва пойдории Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ) дар минтақа баррасӣ гардид.
Дар ҷамъомад директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти хосаи лоиҳаи “Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ” (ММҲИОМ) дар самти муқовимат ба хатари паҳншавии маводи нашъаовар сухан гуфт. Зикр гардид, ки ММҲИОМ саҳми арзандаи худро дар тақвияти назорат аз болои истеҳсол, истеъмол ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ мегузорад.
Дар даҳ соли фаъолияти худ ММҲИОМ ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта, имрӯз дар минтақа сохтори ягонаи самараноки иттилоотии ҳамоҳангсоз дар мубориза бар зидди муомилоти маводи нашъаовар маҳсуб мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






