Дар Парлумони Озарбойҷон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI таҷлил мегардад

Ноябрь 9, 2017 13:41

ДУШАНБЕ, 09.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  10 ноябри соли равон бо ташаббуси Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, дар робита ба ин субҳи имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ба шаҳри Боку парвоз намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ суханронии роҳбарияти Парлумони Озарбойҷон, раиси Кумита оид ба умури байналхалқӣ ва байнипарлумонии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Самед Саидов, раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдон Мирзозода дар назар дошта шудааст.

Интизор меравад, ки дар доираи чорабинӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон  намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намоиши аксҳо бахшида ба таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолиятро ташкил намояд.

 

 

Ноябрь 9, 2017 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа