Дар Пекин Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷик ҷамъомади ҷашнӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, кормандони Сафорат ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдодҳои сарнавиштсоз табрик намуда, аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшу иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, давлатсозиву давлатдорӣ, комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамарӯза афзудани эътибори байналмилалии он, дастовардҳои миллӣ баъд аз қабули Конститутсияи нави Тоҷикистонро зикр намуданд.
Ҳамчунин ба донишҷӯён таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон, ватандӯсту ватанпараст будани онҳо, дониш андӯхтану таҷрибаомӯзӣ, аз худ кардани технологияҳои муосир, ҳушдорӣ ҷиҳати худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир нигоҳ доштан, риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат ва эҳтироми расму ойини он таъкид карда шуд.
Дар навбати худ донишҷӯён низ дар робита ба ҳар як санаи ҷашнӣ сухан гуфта, сурудҳои ватандӯстона хонданд. Ҳамзамон зимни ҷамъомад вобаста ба ҳар як мавзӯъ озмун доир карда шуда, ба донишҷӯён саволҳои дахлдор дода шуд.
Дар фарҷом донишҷӯёни фаъолу ғолибони озмун аз ҷониби Сафорат бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






