Дар самти аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ табдил додани Тоҷикистон қадамҳои муассир гузошта мешаванд

Ноябрь 30, 2017 16:08

ДУШАНБЕ, 30.11.2017/АМИТ «Ховар»/.«Ҷараёни иҷрои Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии истеҳсолии «Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта, инчунин озод кардани воридоти таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ аз ҷониби ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар муҳокимаи парлумонӣ, ки  имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Акрамшо Фелалиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба кишвари аграрӣ табдил додани Тоҷикистон саъю талош намуда, тадбирҳои самарабахш меандешад. Таъкид гардид, ки Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ширкати байналмилалии истеҳсолии «Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таҳия карда шудааст. Ширкати байналмилалии «Чжунгтстай Моҳир Семент» мебоист дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн тонна дар як сол, корхонаи гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии 80 млн дона дар як сол бунёд карда, барои татбиқи он зиёда аз 119 млн доллари амрикоӣ  сармоягузорӣ намояд.

Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи пешкадам ва риояи талаботи экологӣ бунёд гашта, барои 800 нафар мутахассисон ҷойи нави корӣ муҳайё месозад. Дар коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва варақаҳои гаҷӣ ташкили 230 ҷойи кор пешбинӣ шудааст.

Таъкид гардид, ки ширкати «Чжунгтсай Моҳир Семент» бо ашёи хоми ватанӣ фаъолият карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 9 моҳи соли равон беш аз 600 ҳазор тонна сементро ташкил медиҳад. Корхона дар ин давра зиёда аз 28 миллион сомонӣ андоз пардохт кардааст. Дар назди корхона барои муайян намудани сифати махсулоти семент озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосир васл гардидааст. Корхона се навъи семент- 400-500 ва сулфат 400 истеҳсол намуда, дар он беш аз 500 нафар коргарон фаъолият доранд. Аз онҳо зиёда аз 400 нафарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ва 87 нафарро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.

 

Ноябрь 30, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад